Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Тоҷикгидроэлектромонтаж” то тирамоҳи соли оянда дар шаҳри Душанбе корхонаи истеҳсоли лифтҳоро бунёд мекунад, ки ҳамзамон ба истеҳсоли таҷҳизоти обгармкунӣ ва ҳисобкунакҳои барқӣ машғул хоҳад шуд.
Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҶСК “Тоҷикгидроэлектромонтаж” оид ба сохтмон ва истифодабарии корхонаи истеҳсоли таҷҳизоти барқӣ дар шаҳри Душанбе 19 феврал дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон имзо шуда буд. Палатаи поёнии парламенти ҷумҳурӣ созишномаи мазкурро рӯзи 7 апрел тасдиқ кард.
Зимни суханронӣ оид ба ин масъала назди вакилони мардумӣ муовини аввали раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон Шараф Шерализода изҳор намуд, ки ба амалисозии лоиҳаи мазкур ҶСК “Тоҷикгидроэлектромонтаж” 5 млн доллар маблағ равона карданист.
Мутобиқи лоиҳа, корхона дар майдони 7 гектар бунёд гардида, дар назар аст, ки баъди ба истифода додани он, ки моҳи сентябри соли 2022 пешбинӣ шудааст, 200 ҷойи нави корӣ фароҳам оварда мешавад.
Дар корхонаи нав лифтҳо, ҳисобкунакҳои барқ ва таҷҳизоти обгармкунӣ истеҳсол карда мешаванд.
“Корхонаи мазкур дар доираи амалигардонии ҳадафи чоруми стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон — саноатикунонии босуръат бунёд мегардад. Татбиқи лоиҳаи мазкур ба амалишавии “Барномаи давлатии мусоидат ба содирот ва воридотивазкунии Ҷумҳурии Тоҷикистон” мусоидат намуда, ба ҳадафи миллии чоруми стратегӣ дар самти саноатикунонии кишвар мутобиқ мебошад”, — мегӯянд масъулини Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон.
Бино ба маълумоти масъулин, танҳо дар соли 2020 Тоҷикистон ба маблағи 14 млн доллар чунин таҷҳизотро аз хориҷи кишвар харида буд.