Суҳбати телефонии Сироҷиддин Муҳриддин бо Одил ал-Ҷубайр

Shared to Facebook

Рӯзи 11 август бо ташаббуси ҷониби саудӣ суҳбати телефонии вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо вазири давлатӣ оид ба корҳои хориҷии Арабистони Саудӣ Одил ал-Ҷубайр баргузор гардидааст:

“Ҷонибҳо атрофи вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои Тоҷикистону Арабистони Саудӣ мубодилаи афкор намуда, ҳамкориҳои ду кишварро дар чорчӯби созмонҳои байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор доданд”, — хабар дод ВКХ Тоҷикистон.