Ҳушдори Эмомалӣ Раҳмон аз таҳдиди ҷиддие, ки аз Афғонистон ба вуҷуд меояд

Shared to Facebook

Бӯҳрони низомӣ-сиёсӣ ва башардӯстона дар Афғонистон ба амнияти кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил таҳдиди ҷиддӣ эҷод кардааст. Ин нуктаро Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки имрӯз, 15-уми октябр, баргузор гардид, таъкид карданд.

Дар Ҷаласа, ки ба таври маҷозӣ таҳти раёсати Президенти Беларус Александр Лукашенко баргузор гардид, президентҳои Тоҷикистон, Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Туркманистон ва Ӯзбекистон, сарвазирони Арманистон ва Молдова ва котиби иҷроияи ИДМ иштирок ва суханронӣ карданд.

Дар ҷаласа таъмини амнияти минтақаи ИДМ аз ҷумлаи мавзӯъҳои асосӣ буд ва дар ин замина ба қазияи Афғонистон ва бӯҳрони низомӣ-сиёсӣ ва башардӯстона дар ин кишвар махсус таъкид шуд:

“Ба сари қудрат омадани гуруҳи Толибон, ки аз ҷониби Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид ба рӯйхати гурӯҳҳои террористӣ шомил шуда буд, вазъро дар ин давлати ҳамсоя боз ҳам печидатар кард. Аз ин лиҳоз, ҳамоҳангсозии зичтари сохторҳои қудратии кишварҳои мо дар мубориза бо чолишҳо ва таҳдидҳое, ки аз Афғонистон ба вуҷуд меоянд, зарур аст”, — гуфтаанд Президенти Тоҷикистон дар ин робита.

Зимни баррасии масъалаҳои амниятӣ таъкид шудааст, ки мубориза бо терроризм, ифротгароӣ дар ҳама зуҳуроти он, қочоқи маводи мухаддир ва силоҳ, киберҷинояткорӣ ва ҷинояткории муташаккили фаромарзӣ ҳамчун афзалиятҳои Иттиҳод дар соҳаи амнияти минтақавӣ боқӣ мемонад.

Зимнан, дар ин самт дар чаҳорчӯбаи Иттиҳод механизмҳои муносиби ҳамкорӣ, пеш аз ҳама, Маркази зиддитеррористӣ таъсис дода шуда, фаъолият доранд.

Барои амалисозии ҳуҷҷатҳои қабулшуда ва дар оянда мустаҳкам намудани заминаи меъёрию ҳуқуқии Иттиҳод дар соҳаи амният андешидани чораҳои дахлдор зарур шумурда шудааст.

Эмомалӣ Раҳмон бо итминон изҳор доштанд, ки пешниҳоди Тоҷикистон дар соли гузашта оид ба таҳияи руйхати ягонаи ташкилотҳои террористӣ ва экстремистии дар қаламрави давлатҳои иштирокчӣ мамнӯъ эълоншуда якҷоя амалӣ карда мешаванд. Дар ин зимн ҳамчунин таъмини ҳифзи фазои иттилоотии Иттиҳод махсус қайд гардидааст.

Дар ҷараёни мулоқот сарони давлатҳо оид ба масъалаҳои мубрами ҳамкорӣ дар доираи Иттиҳод мубодилаи афкор намудаанд.

Президенти Тоҷикистон татбиқи бомуваффақияти ҳадафҳои раёсатро дар Иттиҳод аз ҷониби Беларус, таъкид намудаанд.

Вобаста ба таъсири омилҳои беруна, пандемияи коронавирус ва дигар хатарҳои ҷаҳони зудтағйирёбанда пешниҳод гардидааст, ки бояд ба масъалаҳои тақвияти ҳамоҳангсозии фаъолияти муштарак барои рафъи бӯҳрон ва коҳиш додани оқибатҳои манфии он таваҷҷӯҳи бештар зоҳир гардад.

Дар робита ба таъмини амнияти озуқаворӣ дар кишварҳои Иттиҳод дар шароити кунунӣ таъмини таҳкими минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои тиҷорат, истеҳсолот, нақлиёт, энергетика, молия, сармоягузорӣ, кишоварзӣ ва инноватсия муҳим арзёбӣ карда шудааст.

Таъкид гардидааст, ки барои ҳамкорӣ байни кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соҳаи рақамисозӣ, таҳкими робитаҳо дар соҳаи технологияҳои баланд ва ҷорӣ намудани дастовардҳои муосири технологӣ дар истеҳсолот имкониятҳои калон мавҷуданд.

Гуфта шудааст, дар тӯли се даҳсолаи охир кишварҳои узви Иттиҳод тавонистанд ба дастовардҳои назарраси ҳамкорӣ дар соҳаҳои фарҳанг, маориф, илму техника, тандурустӣ, сайёҳӣ ва варзиш ноил шаванд.

Ҷониби Тоҷикистон пешниҳод карда буд, соли 2025-ум Соли ҳифзи пиряхҳо эълон карда шуда, Фонди махсуси байналмилалии ҳифзи пиряхҳо таъсис дода шавад. Президенти Тоҷикистон изҳори умед кардаанд, ки ин ташаббусҳо аз ҷониби кишварҳои аъзои Иттиҳод фаъолона дастгирӣ меёбад.

Ҳамчунин, Сарвари давлат ба Президенти Беларус барои раёсати муваффақона дар ИДМ дар соли 2021 изҳори сипос карда, ба Президенти Қазоқистон дар иртибот ба қабули раёсат дар Иттиҳод ва ба роҳбари нави Маркази зиддитеррористии ИДМ Евгений Сисоев, ки номзадиаш тасдиқ гардид, муваффақият ва барори кор орзу намудаанд.