Президентҳои Тоҷикистону Беларус ҳамкориҳоро баррасӣ карданд

Shared to Facebook

15 сентябр дар Қасри миллат мулоқоти Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Беларус Александр Лукашенко баргузор гардид.

Александр Лукашенко шоми гузашта ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ба Тоҷикистон ташриф овард.

“Дар рафти мулоқоти самимӣ масъалаҳои ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Беларус ва мушкилоти минтақавию байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд”, — хабар дод Хадамоти матбуотии Сарвари давлат.

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштаанд, ки мардумони Тоҷикистону Беларусро анъанаҳои деринаи дӯстӣ ва эҳтироми якдигар ба ҳам мепайванданд ва бо шарофати талошҳои муштараки мо муносибатҳои ҳамкорӣ байни кишварҳо дар солҳои охир ба сатҳи сифатан нав баромад.

Ҷонибҳо зимни вохурӣ оид ба ҳолат ва дурнамои робитаҳо дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ, кишоварзӣ, фарҳангию гуманитарӣ ва ҳамкории байни минтақаҳо табодули андеша кардаанд.

Барои тавсеаи муносибатҳо фаъолгардонии кори Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Беларус оид ба ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ зарур шумурда шудааст.

Зимни баррасии масъалаҳои ҳамкории кишварҳо дар арсаи байналмилалӣ ба мушкилоти сиёсию низомии Афғонистон таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардидааст.

Дар ҷараёни мулоқот ҳамчунин дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо мавриди баррасӣ қарор дода шудаанд.