Жапаров, Пашинян ва Норов ба Душанбе омаданд

Shared to Facebook

Рӯзи гузашта Президенти Қирғизистон Садир Жапаров, Сарвазири Арманистон Никол Пашинян ва Дабири кулли Созмони ҳамкории Шанхай Владимир Норов низ бо мақсади иштирок дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ба Тоҷикистон ташриф оварданд.

Президенти Қирғизистон ва Сарвазири Арманистонро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва дигар шахсони расмӣ пешвоз гирифтанд.

Дабири кулли Созмони ҳамкории Шанхай дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе муовини Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Фарҳод Салим ва дигар шахсони расмӣ истиқбол гирифтанд.

Дар доираи сафар ба Душанбе Президенти Қирғизистон Садир Жапаров ҳамчун роҳбари давлати узви Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ  (СААД) ва Созмони ҳамкории Шанхай  (СҲШ) дар ҷаласаи Шӯрои амнияти дастаҷамъии СААД ва ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои узви СҲШ, ки ба 20-умин солгарди таъсиси Созмони ҳамкории Шанхай  бахшида шудааст, иштирок мекунад.

Никол Пашинян бошад, имрӯз дар Душанбе дар иҷлосияи Шӯрои амнияти дастҷамъии СААД ширкат намуда, афзалияти Арманистонро, ки раёсати ин созмонро бар уҳда мегирад, муаррифӣ мекунад.

Ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай бахшида ба 20-умин солгарди таъсиси СҲШ фардо, 17 сентябр, дар Душанбе баргузор мешавад.