Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 17 ноябр дар як қатор шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон ва вилоятҳои Хатлону Суғд тағйироти кадрӣ ба амал оварданд.
Аз ҷумла, Вализода Абдуқодир Исуф бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи раиси шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон озод карда шуда, Назарзода Бахтиёр Худоёр иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон таъин карда шуд.
Ҳамчунин, Давлатзода Зарина Дилмурод аз вазифаи раиси шаҳри Левакант, Шарбатулло Азизулло аз вазифаи раиси ноҳияи Восеъ, Аминзода Фотеҳ Файзулло аз вазифаи раиси ноҳияи Темурмалик, Раҳматзода Рустам Мирзо аз вазифаи раиси ноҳияи Фархор, Ҷалилзода Шералӣ аз вазифаи раиси ноҳияи Балҷувон, Нишонзода Даврон Назаралӣ аз вазифаи раиси ноҳияи Носири Хусрави вилояти Хатлон, Назаршозода Лоиқ аз вазифаи раиси ноҳияи Роштқалъа ва Ҷабори Қосим аз вазифаи раиси ноҳияи Ванҷи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон озод карда шуданд.
Дар фармонҳои марбутаи Президент сабаби аз ин вазифаҳо озод карда шудани номбурдаҳо ба кори дигар гузаштан гуфта шудааст.
Саидзода Нурмуҳаммад Хол бошад, бо сабаби ба нафақа баромадан аз вазифаи раиси ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон озод карда шудааст.
Бо фармонҳои дигари Президент Файзиддинзода Бунафша иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Левакант, Шарифзода Ҷамшед Раҳмон иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Восеъ, Назирӣ Зариф Вализода иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Фархор, Ҳасанзода Шералӣ Ҳасан иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Темурмалик, Сафарзода Бахтиёр Fанӣ иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Балҷувон, Шарифзода Маҳмадаюби Сайнимон ичрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Носири Хусрав, Нишонзода Даврон Назаралӣ иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон, Шомирзозода Аъзам Мирмамад иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Роштқалъа, Мардзода Одинашо Миршаб иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Ванҷи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва Ализода Аъзам Наврӯз иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд таъин карда шудаанд.
Ҳамчунин, пешниҳоди Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси миллӣ дар бораи аз вазифаи судяи Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон бозхонд намудани Ширинзода Эраҷ Сифот ирсол гардида, Ҳайдарзода Зокир Анвар аз вазифаи судяи суди ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон ва Сатторзода Ҳотамшо Раҷаб аз вазифаи судяи суди вилояти Суғд бо хоҳиши худашон озод карда шудаанд.
Бо Қарори Ҳукумати Тоҷикистон Сафарзода Бахтиёр Fанӣ аз вазифаи муовини Директори генералии Корхонаи воҳиди давлатии “Хоҷагии манзилию коммуналӣ” ва Рабиев Тошпулат Ҳалимович бинобар вафоташ аз вазифаи машваратчии шуъбаи амнияти иқтисодии дастгоҳи Шӯрои амнияти Тоҷикистон озод карда шудаанд.
Бино ба гузориши Хадамоти матбуотии Президенти Тоҷикистон, рӯзи 17 ноябр Сарвари давлат кадрҳоеро, ки дар вазифаҳои пурмасъули роҳбарии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии як қатор шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва вилоятҳои Хатлону Суғд таъин гардиданд, барои суҳбат ба ҳузур пазируфтанд.
Президент зимни мулоқот ба кадрҳои навтаъингардида ҷиҳати иҷрои ҳадафҳои созанда ва татбиқи сиёсати роҳбарияти давлату Ҳукумати кишвар, аз қабили таъмини амнияти озуқаворӣ, татбиқи сиёсати аграрии Тоҷикистон, вусъати корҳои ободонӣ, истифодаи оқилонаи ҳар як порча замини корам ва заминҳои наздиҳавлигӣ, гирифтани ду се ҳосил аз заминҳои обӣ, рушди бахши кишоварзӣ, баланд бардоштани сифати маҳсулот, ҷалби сармояи хориҷию ватанӣ баҳри рушди соҳа, дастгирии соҳибкорӣ, таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти босифати кишоварзӣ, рушди соҳаи агросаноатӣ, аз ҷумла тухмипарварӣ, зироатпарварӣ, чорводорӣ ва ғайра, дастуру супоришҳои муфид додаанд.