Қадрдонии кормандони БМТ бо медали 20-солагии СҲШ

Shared to Facebook

Як гуруҳ кормандони Бонки миллии Тоҷикистон бо медали ҷашнии “20-солагии Созмони Ҳамкориҳои Шанхай” қадрдонӣ шудаанд.

Дар ҷаласаи тантанавӣ, ки таҳти роҳбарии Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода баргузор гардид, ба кормандони Бонк медали ҷашнӣ бахшида ба 20-солагии Созмони Ҳамкориҳои Шанхай ҷиҳати саҳми арзанда доштан дар раванди рушди Созмони Ҳамкориҳои Шанхай супорида шуд, хабар дод бахши матбуоти БМТ.

Ба маълумотим анбаъ, муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода, директори Департаменти муомилоти пулӣ ва амалиёти хазинадорӣ Алиҷон Салимов, сардори Идораи муносибатҳои байналмилалӣ Зуҳро Ҳалимова, сардори Шуъбаи матбуот Мавҷуда Ҳасанова ва сардори Хадамоти ташрифоти Дастгоҳи Роҳбарияти БМТ Дилшод Ҳавлоев бо медали ҷашнӣ сарфароз гардонида шудаанд.

Ёдрас мекунем, ки 17 сентябри имсол дар Тоҷикистон 20-умин нишасти ҷашнии сарони Шӯрои давлатҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шанхай таҳти Раёсати Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ташкил ва гузаронида шуд.

Барои дар сатҳи баланди ташкилӣ доир шудани ин чорабинӣ ва саҳм гузоштан дар рушди СҲШ бо пешниҳоди Ҳукумати Тоҷикистон ва бо қарори Котиботи генералии СҲШ роҳбарон ва кормандони як қатор вазорату идораҳо бо медали 20-солагии Созмони Ҳамкориҳои Шанхай мукофотонида шуданд.