Тоҷикистон бо Мавритания муносибатҳои дипломатӣ барқарор кард

Shared to Facebook

21 сентябр дар Ню-Йорк дар ҳошияи иҷлоси 76-уми Маҷмаи Умумии СММ маросими имзои Баёнияи муштарак оид ба барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Мавритания баргузор гардидааст.

Баёнияи муштаракро Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ва Вазири корҳои хориҷӣ, ҳамкорӣ ва мавританиягиҳои бурунмарзии Ҷумҳурии Исломии Мавритания Исмоил Шайх Аҳмад имзо кардаанд.  

Вазирони корҳои хориҷии ду кишвар инчунин аҳаммияти рушди муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистон ва Мавританияро таъкид кардаанд.