Муҳлати ваколати Сафири Чин дар Тоҷикистон анҷом ёфт

Shared to Facebook

21 сентябр Муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода бо Сафири Фавқулода  ва  Мухтори Чин  Лю Бин бино ба  итмом расидани мӯҳлати кори мавсуф ҳамчун роҳбари намояндагии ин кишвар дар Тоҷикистон мулоқот кардааст:

“Дар мулоқот ҷонибҳо аз дастовардҳои ду  кишвари ҳамҷавору дӯст ва шарик стратегӣ дар ҷанбаҳои мухталифи ҳамкориҳои мутақобилан судманд, аз ҷумла дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисоду тиҷорат, нақлиёт,  саноат, маориф, илмӣ-техникӣ, фарҳангиву гуманитарӣ дар ин давра изҳори қаноатмандӣ намуданд”.

Муовини вазири корҳои хориҷӣ барои саҳми  шоистаи Сафир Лю Бин дар таҳкими ҳамкориҳои мутақобилан судманд изҳори миннатдорӣ намуда, ба ӯ комёбӣ ва  ба  кишвари дӯсти Чин шукуфоӣ таманно кардааст.