Тоҷикистону Русия гуфтанд, ҳамкориҳоро тақвият медиҳанд

Shared to Facebook

Моҳи апрели имсол Тоҷикистон ва Русия 30-юмин солгарди барқарории муносибатҳои дипломатиро таҷлил мекунанд. Ин як марҳалаи муайянест, ки имкон медиҳад, натоиҷи ҳамкориҳои дуҷониба, аз ҷумла дар бахши иқтисодӣ, ки Русия яке аз шарикони пешрафтаи тиҷоративу иқтисодии Тоҷикистон аст, натиҷагирӣ карда шавад.

Ин нукта зимни ҷаласаи кории комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкории иқтисодӣ, ки рӯзи 15 феврал баргузор гардид, таъкид шуд.

Ҷаласа таҳти раёсати Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва муовини Раиси Ҳукумати Русия Алексей Оверчук баргузор гардид.

Дар ҷаласа ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ, бунёди корхонаҳои муштараки саноатӣ, ҷалби сармоя, энергетика, маблағгузорӣ, муҳоҷират, кишоварзӣ, илму маориф, фарҳанг ва дигар масъалаҳо мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шудааст.

Таъкид гардидааст, ки дар замони паҳншавии бемории сироятии COVID-19 баҳри ҳифзи солимии аҳолӣ ва рушди соҳаи тандурустӣ байни Тоҷикистону Русия ҳамгироии нек ба роҳ монда шуда, ба хотири рушди соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёти ҳарду ҷониб чораҳои таъхирнопазир андешида шуд.

Дар доираи сиёсати муваффақу бобарори сарони ҳарду давлати бо ҳам дӯст ва заминаи ҳуқуқии шартномаву созишномаҳои мавҷуда татбиқи нақшаву стратегияҳо ба хотири боз ҳам рушд бахшидани ҳамкорӣ дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳ зарур шуморида шуд.

Таваҷҷуҳи махсус ба масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба, ки дар мулоқоти президентҳои Тоҷикистон ва Русия 27 декабри соли 2021 ба миён омада буданд, зоҳир шудааст. Ҳамчунин, рафти иҷрои тавофуқоти дар ҷаласаи 17-уми Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ ҳосилшуда баррасӣ гардидааст.

Алексей Оверчук таъкид кардааст, ки Русия ва Тоҷикистон шарикони деринаи стратегӣ буда, ба муколамаи густурда манфиатдоранд:

“Мо дар бисёр соҳаҳо зич ҳамкорӣ мекунем ва ин натиҷаи табиии амалиёти фаъоли тиҷоратӣ, робитаҳои гуногунсоҳаи саноатӣ ва манфиатҳои муштараки иқтисодӣ мебошад. Моҳи апрели соли 2022 мо нақша дорем, ки 30-умин солгарди барқарории муносибатҳои дипломатӣ байни Русия ва Тоҷикистонро таҷлил кунем. Ин як марҳалаи муайянест, ки ба мо имкон медиҳад, натоиҷи ҳамкориҳоямонро, аз ҷумла дар бахши иқтисодӣ, ки Русия яке аз шарикони асосии тиҷоративу иқтисодии Тоҷикистон аст, ҷамъбаст кунем”, — гуфтааст муовини Сарвазири Русия.

Бино ба маълумоти расмӣ, ҳаҷми умумии сармоягузории Русия ба иқтисоди Тоҷикистон 1,6 миллиард долларро ташкил медиҳад. Айни замон дар Тоҷикистон ҳудуди 300 корхона бо иштироки Русия фаъолият мекунанд.

Дар робита ба ин Оверчук ваъда дод, ки барои таҳкими чунин динамикаи мусбӣ чораҳо меандешанд.

Дар ҷаласа, ҳамчунин, масоили вобаста ба рушди ҳамкориҳои байни минтақаҳои Тоҷикистон ва Русия баррасӣ шудааст:

“Мо барои рушди муколамаи байниминтақаӣ дар доираи васеи бахшҳои иқтисодӣ иқтидори хуб дорем. Тақрибан 60 субъекти Русия бо Тоҷикистон муносибатҳои тиҷоративу иқтисодӣ роҳандозӣ кардаанд”, — гуфтааст Оверчук ва таҷрибаи баргузории конфронсҳо оид ба ҳамкориҳои байниминтақавии ТРусия ва Тоҷикистонро василаи муассири густариши ҳамкориҳо дар сатҳи минтақаӣ номидааст.

Зимнан, конфронси ҳаштуми минтақаҳои Тоҷикистону Русия 30 ноябри соли 2021 дар шаҳри Бохтар баргузор гардид, ки гуфта мешавад, бори дигар майдони баррасии масъалаҳои мубрами ҳамкориҳои дуҷониба буданро тасдиқ кард.

Яке аз мавзӯъҳои муҳими ҷаласаи мазкур сохтмони панҷ мактаби русӣ дар Тоҷикистон будааст, ки имсол бояд ба анҷом расонида шуда, моҳи сентябри ҳамин сол дар онҳо таҳсил оғоз гардад.

Дар ҷаласа ҷонибҳо омодагии худро барои идомаи муколамаи созанда, ки ба таҳкими муносибатҳои Русияву Тоҷикистон дар тамоми бахшҳои ҳамкориҳои кишварҳо равона шудааст, тасдиқ кардаанд.