Тоҷикистону Маҷористон 30-солагии истиқрори муносибатҳои дипломатиро таҷлил карданд

Shared to Facebook

10 феврал бо ташаббуси Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон мизи мудаввари илмии маҷозӣ ба муносибати 30-солагии истиқрори муносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистон ва Маҷористон  баргузор гардид.

Дар мизи мудаввар таҳти унвони “Тоҷикон дар асарҳои шарқшиноси маҷористонӣ Арминий Вамберӣ” аз ҷониби Тоҷикистон доктори илмҳои филологӣ Абдунабӣ Сатторзода, докторҳои илмҳои таърих Иброҳим Усмон ва Сановбар Воҳидова ва аз ҷониби Маҷористон доктори илмҳои таърих Агнес Келеченӣ ва доктори илмҳои филологӣ Давид Кара иштирок карданд, хабар доданд аз ВКХ Тоҷикистон.

Суҳбати илмӣ роҷеъ ба тадқиқот дар бораи Осиёи Марказӣ аз ҷониби Арминий Вамберӣ, ки солҳои 1862-63 ба минтақаи ОМ сафар дошт, сурат гирифтааст. Аз ҷумла, Вамберӣ дар эҷодиёти худ забони тоҷикиро ҳамчун забоне шинохтааст, ки дар асри XIX ҳам нафосати аввалияи худ ва ҳам нафосати гуфтори ашъори Рӯдакиро нигоҳ доштааст. 

Ҳамзамон ба ин, рӯзи 11 феврал дар Будапешт бахшида ба 30-юмин солгарди барқарор намудани равобити дипломатии Тоҷикистон ва Маҷористон, дар Қасри кинои “Урания” асари муштараки таҳиягарон ва коргардонҳои Тоҷикистон ва Маҷористон, ки соли 1986 ба навор гирифта шудааст, филми ҳунарии “Дарвеши ланг” ба намоиш гузошта шудааст.

Филми мазкур дар асоси ёддоштҳои шарқшинос ва муаррихи маҷористонӣ Арминий Вамберӣ ва таассуроти ӯ аз сафараш ба Осиёи Марказӣ дар солҳои 1863-1864, ошноии ӯ бо мардуми тоҷик, таъриху забону фарҳанг ва расму оинҳои он қисса мекунад.

Ба иттилоъи ВКХ Тоҷикистон, ба тамошои филм намояндагони мақомоти расмӣ, доираҳои илмӣ ва фарҳангии Маҷористон ва ҳайати дипломатии шаҳри Будапешт даъват шуда буданд.

Кинофилми бадеии “Дарвеши ланг”-ро коргардони кино ва филмноманависи тоҷик Валерий Аҳадов бо ҳамдастии коргардони маҷорӣ Киш Йожеф эҷод кардаанд.

Муносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистон ва Маҷористон 2 июли 1992 барқарор шуданд. Зикр мегардад, ки муносибатҳои сиёсии Тоҷикистон бо Маҷористон бар пояи усули дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ устувор буда, аз замони касби истиқлолият муносибатҳои дуҷониба инкишоф ёфта меёбанд.