Ҷавоне, ки бо дархости қирғизҳо дастгир шуда буд, озод гардид

Shared to Facebook

Шаҳрванди Тоҷикистон ва сокини шаҳри Исфара Комилҷон Юлдошев, ки 16 ноябр дар фурудгоҳи Домодедовои Маскав бо дархости Қирғизистон дастгир шуда буд, озод шудааст.

Дар ин бора Сафорати Тоҷикистон дар Русия хабар дод.

“18 ноябри соли 2021 дар натиҷаи ҳамкории самараноки Намояндагии дипломатии Тоҷикистон бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Россия, шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Юлдошев Комилҷон, ки дар Фурудгоҳи байналмилалии Домодедово боздошт гардида буд, бинобар беасос будани сабабҳои боздошт, озод гардид”, — омадааст дар иттилоияи Сафорат.

Аз ин қабл намояндагони Сафорати Тоҷикистон гуфтанд, ки аз дастгир шудани номбурда огоҳанд ва дар ин робита бо мақомоти Русия дар тамоси доимӣ ҳастанд.

Сокини ҷамоати Сурхи Исфара Комилҷон Юлдошев 16-уми ноябр ҳангоми сафар ба Русия дар фурудгоҳ боздошт шуда буд. Бино ба хабарҳо, ҷониби Қирғизистон Юлдошевро барои қочоқ дар соли 2018 айбдор мекунад. Аммо ҳолдонҳо мегӯянд, ин ҳодиса ҳам мисли қазияи Диловар Ҷӯраев ангезаи сиёсӣ дошта бошад.

Дар ҳамин ҳол, наздикони Юлдошев гуфтаанд, дастгир шудани ӯ ба ҳодисаи соли 2020 иртибот дорад:

“Ӯ соли 2020 як бор ба Қирғизистон гузашта будааст, ки боздошт ва суд карда, баъд ҷавоб дода буданд. Ин гапу кори соли 2020-ро чор моҳ пеш бо Қирғизистон ба ҷустуҷуй дода будаст. Баъди он ки байни қирғизҳову тоҷикон имсол боз муноқиша шуд, азбаски нусхаи шиносномаи Комилҷон дар дасти онҳо буд, боз ба ҷустуҷӯй додаанд”, — гуфтааст Абдурақиб Додохонов, амакбачаи Комилҷон Юлдошев дар суҳбат бо “Азия-Плюс”.