Дар Давҳа зарфияти сайёҳии Тоҷикистон муаррифӣ шуд

Shared to Facebook

Дар маросими ифтитоҳи Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ (Qatar International Exhibition for Travel and Tourism – Qatar Travel Markt 2021), ки 16 ноябр дар шаҳри Давҳа сурат гирифт, ҳайати Тоҷикистон таҳти раҳбарии раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ Тоҷиддин Ҷӯразода иштирок намудааст.

Дар ин бора бахши матбуоти Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Тоҷикистон хабар дод.

Намоишгоҳро Вазири тиҷорат ва саноати Қатар Шайх Муҳаммад бин Ҳамад бин Қосим Оли Сонӣ бо ҳузури роҳбарони ҳайатҳо ва корпуси дипломатии муқими Давҳа ифтитоҳ намуда, аз гӯшаи Тоҷикистон низ боздид ба амал овардааст.

Намоишгоҳ бо иштироки 150 ширкати сайёҳӣ аз 34 кишвари ҷаҳон то 18 ноябр идома ёфт.

Ба гуфтаи масъулин, иштироки ширкатҳои саёҳии Тоҷикистон дар ин намоишгоҳи байналмилалӣ дар Давҳа ҷиҳати дарёфти шарикон, муаррифии имконияти сайру саёҳат, ба роҳ мондани ҳамкорӣ бо ширкатҳои хориҷӣ ва ҷалби бештари гардишгарон ба Тоҷикистон фурсати муносиб фароҳам меоварад.

Дар ҳошияи ин Намоишгоҳ раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Тоҷикистон Тоҷиддин Ҷӯразода бо мудири кулли Шӯрои миллии сайёҳӣ дар Қатар Бертолд Тренкел мулоқот намудааст. Дар мулоқот масъалаҳои густариши муносибатҳои ҳамкорӣ байни ду кишвар дар соҳаи сайёҳӣ баррасӣ шудаанд:

“Ҷониби Қатар ҷиҳати густариши ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ бо Тоҷикистон изҳори омодагӣ намуда, иштироки ҳайати Тоҷикистонро дар чунин намоишгоҳ ба афзоиш ёфтани таваҷҷуҳи кишварҳои Халиҷ ба зарфияти сайёҳии Тоҷикистон рабт дод”, — хабар медиҳад манбаъ.

Ҳамчунин, 16-17 ноябр дар шаҳри Давҳа раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Тоҷиддин Ҷӯразода бо доираҳои соҳибкорон ва сармоягузорон вохӯриҳо анҷом додааст.

Зимни мулоқот бо соҳибкори бонуфузи қатарӣ ва муассиси бонки байналмилалии исломӣ Шайх Алӣ Абдуллоҳ Сонӣ Оли Сонӣ масъалаҳои татбиқи лоиҳаҳои рушди соҳаи сайёҳӣ ва таъсиси ширкатҳои муштарак дар ин соҳа баррасӣ шуданд. Қарор дода шуд, ки дар оғози соли оянда гурӯҳи соҳибкорон ва сармоягузорони қатарӣ бо мақсади шиносоӣ бо зерсохтори саёҳатии кишвар ва имконияти сармоягузорӣ дар ин соҳа аз Тоҷикистон боздиди корӣ анҷом диҳад.

Роҳҳои ҷалби сармояҳои хориҷӣ ба соҳаи сайёҳӣ дар Тоҷикистон ҳамчунин зимни мулоқоти Тоҷиддин Ҷӯразода ва Носир Ҳасан ал-Ансорӣ — Раиси шӯрои ширкати “Just Real Estate” ва дигар намояндагони доираҳои соҳибкорон ва сармоягузорони қатарӣ баррасӣ шудаанд.