Тоҷикистон боз 369 ҳазор воя ваксинаи зидди COVID-19 гирифт

Shared to Facebook

ИМА рӯзи 15 ноябр тавассути Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) барои идомаи мубориза бо пандемияи COVID-19 ба Тоҷикистон боз 117 000 воя ваксинаи Pfizer тақдим кард.

Сафорати ИМА дар Тоҷикистон дар иттилоияе гуфт, ин қисме аз 198 900 воя ваксинае мебошад, ки дар доираи механизми глобалии COVAX ба Тоҷикистон дода шуда, боқимонда 81 900 воя ваксина ҳамин ҳафта интиқол дода мешавад.

Ваксинаҳои тақдимшуда ва боқимондаи он илова ба 325 260 вояи ваксинаи Pfizer дар моҳи сентябр ва 1,5 млн вояи ваксинаи Moderna дар моҳи июли соли 2021 аст:

“Интиқоли имрӯзаи ваксинаи Pfizer ба Тоҷикистон як қисми ӯҳдадориҳои ҳукумати ИМА оид ба эҳдо кардани 1,1 млрд ваксинаи COVID-19 ба кишварҳои эҳтиёҷманд – ба таври бехатар, одилона ва бидуни шарт аст. Дар саросари ҷаҳон ИМА аллакай беш аз 200 млн ваксинаи зидди COVID-19 расонидааст ва дар интизор аст, ки миқдори бештари он расонида мешавад”, — омадааст дар хабар.

Дар маҷмӯъ, танҳо дар як ҳафтаи охир дар доираи татбиқи COVAX ба Тоҷикистон наздик ба 370 ҳазор вояи ваксинаи зидди коронавирус оварда шудааст: 14 ноябр 192 ҳазор воя ваксинаи AstraZeneca, 117 ҳазор вояи ваксинаи Pfizer-BioNTech ва ҳамчунин, аз Латвия ба сифати кумаки башардӯстона 60 ҳазор ваксинаи AstraZeneca ворид шуд.

Бино ба маълумоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, то 12 ноябр дар ҳудуди ҷумҳурӣ 2 миллиону 758 ҳазору 384 нафар (47,3{71e3f139ddb7d3693c5e6ac9bc14887c7a7ddbde000887efff05120848d0251e}) шаҳрвандон ваксинаи зидди бемории COVID-19 гирифтаанд. Аз ин 2 миллиону 265 ҳазору 815 нафар (38,9{71e3f139ddb7d3693c5e6ac9bc14887c7a7ddbde000887efff05120848d0251e}) шаҳрвандон вояи дуюми ваксинаро гирифтаанд.