Қурбонбӣ Раҳмонова, хоҳари Президенти Тоҷикистон даргузашт

Shared to Facebook

Қурбонбӣ Раҳмонова, хоҳари Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, шоми 20-уми июл дар синни 64-солагӣ даргузашт.

Хадамоти матбуоти Сарвари давлат бо нашри як таъзиянома ин маълумотро тасдиқ кард:

“Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин лаҳзаҳои ниҳоят вазнин ба бародари марҳум — Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, фарзандон, хешу табор ва наздикону пайвандонашон изҳори ҳамдардии амиқ баён мекунад”, — омадааст дар таъзияномаи Ҳукумати Тоҷикистон.

Бино ба хабарҳо, Қурбонбӣ Раҳмонова чанд рӯзи ахир дар беморхонаи клиникии шаҳрии № 5, мавсум ба “Медгородок” табобат мегирифт.

Маросими намози ҷанозаи марҳум, имрӯз дар Данғара баргузор мешавад. 

Зимнан, 5-уми июл Ӯзбекбӣ Асадуллоева, хушдомани Президенти Тоҷикистон, дар синни 88-солагӣ аз бемории монанд ба коронавирус даргузашта буд. 

Ҳайати кормандони “ИмрӯзNews” аз даргузашти Қурбонбӣ Раҳмонова андӯҳгин буда, ба хонаводаи Сарвари давлат сабру шикебоӣ хоҳон аст.