Ҷаласаи вакилони шаҳрӣ: иҷозаи муваққати парвариши чорво, зебогардонии пойтахт, таъсиси корхонаҳои саноатӣ ва дигар супоришҳои Раиси шаҳр

Shared to Facebook

24 декабр таҳти роҳбарии Раиси маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ иҷлосияи ҳаштуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум, доир гардид.

Бино ба хабари котиботи шаҳрдории Душанбе, вакилони шаҳрӣ, дар маҷмӯъ, 8 масъала, аз ҷумла, дар бораи гузориши раиси комиссияи шаҳрии интихобот оид ба интихоботи вакилон ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ва тасдиқ намудани ваколати вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе аз ҳавзаҳои интихоботии №8 ва №58, дар бораи ҳисоботи Раиси шаҳри Душанбе “Оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе дар ёздаҳ моҳи соли 2021”, оид ба лоиҳаи буҷети шаҳри Душанбе барои соли 2022 ва тасдиқи иҷрои буҷети шаҳри Душанбе дар соли 2020, дар бораи ҷараёни татбиқи барномаҳои давлатӣ дар соҳаи фарҳанги шаҳри Душанбе, дар бораи ворид намудани тағйирот ба замимаҳои 1,2,9 ва 12 қарорҳои Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе аз 13 марти соли 2020, №7 ва №9 дар бораи танзими парвариш ва нигоҳдории ҳайвонот дар баъзе минтақаҳои шаҳри Душанбе ва тасдиқи қарорҳои Раиси шаҳри Душанберо баррасӣ карданд.

Нахуст вакилони халқ гузориши раиси комиссияи шаҳрии интихобот оид ба интихоботи вакилон ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ва тасдиқ намудани ваколати вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе аз ҳавзаҳои интихоботии №8 ва №58 шунида, бо овоздиҳии якдилона ваколати вакилони навинтихобро тасдиқ намуданд. Вакилони навинтихоб савганди вакилӣ ёд карданд.

Сипас Ҳисоботи Раиси шаҳри Душанбе “Оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе дар ёздаҳ моҳи соли 2021” баррасӣ гардида, ҳисоботи Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ шунида шуд.

Дар идомаи кори иҷлосия масъалаи лоиҳаи буҷети шаҳри Душанбе барои соли 2022 ва тасдиқи иҷрои буҷети шаҳри Душанбе дар соли 2020 баррасӣ гардида, вобаста ба он Сардори Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе ва Раиси комиссияи доимӣ оид ба молия ва идораи моликиятӣ ҳисобот доданд.

Раиси шаҳри Душанбе ба масъулин дастур дод, ки ҷиҳати самаранок истифода намудани буҷети шаҳри Душанбе чораҳои саривақтӣ андешида, бобати иҷрои нақшаи даромади он тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намоянд.

Ҳамчунин, вакилон ҷараёни татбиқи барномаҳои давлатӣ дар соҳаи фарҳанги шаҳри Душанберо мавриди баррасӣ қарор дода, вобаста ба он ҳисоботи муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ шунида шуд.

Дар ин раванд Раиси шаҳри Душанбе ҷиҳати иҷрои саривақтии барномаҳои давлатӣ дар соҳаи фарҳанг, такмил додан, азнавсозӣ ва ба талаботи муосири шаҳрдорӣ мувофиқ гардонидани китобхонаҳое, ки аз ноҳияи Рӯдакӣ ворид гардидаанд, омода намудани мутахассисони баландтаҷриба дар ин самт, такмил додани мактаби суннатии устоду шогирд, рушди барномаҳои театрӣ ва муаррифии бештари фарҳанги миллӣ, омӯзиши имкониятҳои рушди соҳаи фарҳанг, баланд бардоштани малакаву маҳорати кормандони соҳаи фарҳанг ва ба таҳсили иловагӣ фаро гирифтани онҳо, тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватандӯстиву ифтихори миллӣ, ҳифзу нигоҳдории мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ, ба роҳ мондани омӯзиш ҷиҳати бозёфти ёдгориҳои фарҳангӣ ва тарғибу ташвиқи фарҳанги шаҳрнишинӣ миёни сокинони пойтахт ба масъулин дастуру супоришҳо додааст.

Раиси шаҳр ҳамчунин ба Комиссияи доимӣ оид ба фарҳанг, маориф, илм ва инноватсия супориш додааст, ки ташаббускорӣ нишон дода, ҷиҳати вусъат додани корҳои фаҳмондадиҳӣ, таҳкими маърифати китобхонию китобдорӣ, муаррифии ҷойҳои таърихию фарҳангӣ ва мероси ғайри моддии фарҳангӣ фаъол бошанд.

Вакилон дар идомаи кори иҷлосия масъалаи танзими парвариш ва нигоҳдории ҳайвонот дар баъзе минтақаҳои шаҳри Душанберо мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода, дар робита ба он ҳисоботи муовини Раиси шаҳри Душанбе Гуреззода Умед шунида шудааст.

Рустами Эмомалӣ вобаста ба парвариши ҳайвонот дар баъзе минтақаҳои шаҳр, афзудааст, ки аз ҳудуди ноҳияи Рӯдакӣ зиёда аз 7,6 гектар замин ва 70 маҳалла ворид гардиданд, ки дар аксари хоҷагиҳои шаҳрвандон чорвои калони шохдор, чорвои хурд ва парранда, инчунин дигар ҳайвонот парвариш карда мешавад.

Вай гуфтааст, танҳо бо мақсади таъмини бозорҳои пойтахт бо маҳсулоти гӯштӣ ва ширӣ инчунин дар ин замина муътадил нигоҳ доштани нархи маҳсулоти аввалия пешниҳод гардид, ки то мутобиқ гардонидани ҷамоатҳои воридгардида ба талаботи шаҳрдорӣ, нигоҳдории чорвои калони шохдор, чорвои хурд ва парранда, инчунин дигар ҳайвоноте, ки барои рушди сайёҳӣ нигаронида шудаанд, муваққатан ба муҳлати ду сол иҷозат дода шавад.

Иҷлосияи ҳаштуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе як қатор қарорҳои қабулнамудаи Раиси шаҳри Душанберо дар робита ба масъалаҳои муҳими шаҳрдорӣ баррасӣ ва тасдиқ кардааст.

Раиси шаҳр ҷиҳати тарғибу ташвиқи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ва амалӣ намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ, инчунин ҷиҳати омодагӣ ва таҳияи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва бо натиҷаҳои назаррас ҷамъбаст намудани сол, таҳким бахшидани корҳои ободу зебогардонӣ пойтахт, рушди иқтисод, ташкил намудани корхонаҳои саноатӣ ва ҷойҳои нави корӣ дастуру супоришҳо додааст.

Раиси шаҳри Душанбе кулли сокинони пойтахтро бо Соли нави мелодӣ табрик намуда, ба онҳо сиҳатмандию пирӯзӣ, муваффақияту бурдборӣ, саодати рӯзгору хонаободӣ ва оромию осудагиро таманно намудааст.