Иғво дар марз: Шаҳрвандон ва марзбонони ҳамсоякишвар вазъро дар сарҳад бад мекунанд

Shared to Facebook

Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ҳаводиси ахир дар марзи байни Тоҷикистон ва Қирғизистонро шарҳ дода гуфт, амалҳои иғвоангезонаи шаҳрвандон ва марзбонони ҳамсоякишвар хусусияти муттасилӣ дошта, боиси шиддат гирифтани вазъ дар сарҳад мегарданд.

Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон дар иттилоияе гуфт, вақтҳои охир ҳодисаҳои амалҳои иғвоангезонаи шаҳрвандон ва марзбонони Қирғизистон бештар ба мушоҳида расида, боиси бад шудани вазъ дар сарҳад мешгарданд.

Бино ба маълумоти Қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон, рӯзи 22 декабри имсол, тахминан соати 13:50, дар мавзеи деҳаи Чашмаи ноҳияи Лахши Ҷумҳурии Тоҷикистон, мошини тамғаи “Опел” бо рақами давлатии Қирғизистон 50-49 D ҳангоми убури ғайриқонунии сарҳади давлатии Тоҷикистон боздошт гардид:

“Муайян карда шуд, ки дар мошин 4 нафар марзбонони мусаллаҳи Ҷумҳурии Қирғизистон қарор доштаанд.

Зимни суҳбат ва тавзеҳ дар бораи убури ғайриқонунии марз ва ворид шудан ба қаламрави Тоҷикистон марзбонони қирғиз гуфтанд, ки ин амалҳоро тибқи дастури сардорони худ анҷом додаанд”, — омадааст дар иттилоия.

Сарҳадбонони қирғиз бо дарназардошти талаботи созишномаҳои қаблан ҳосилшуда ба қаламрави Қирғизистон баргардонида шудаанд.

Ҳамчунин, ҳамон рӯз, тахминан соати 14:10, дар маҳаллаи шаҳраки Хистеварзи вилояти Суғди Тоҷикистон далели убури ғайриқонунии сарҳади давлатӣ аз ҷониби мошини тамғаи КАМАЗ бо рақами давлатии Қирғизистон сабт гардидааст. Маълум шудааст, ки мошини сӯзишворӣ ба як шаҳрванди Қирғизистон тааллуқ дорад:

“Бо мақсади нигоҳ доштани нақлиёти вайронкунандаи қоида марзбонони Тоҷикистон ишораи боздошт кардаанд. Аммо ронанда ба талаби марзбонони тоҷик эътибор надода, суръати мошинро афзоиш дода, хостааст марзбононро пахш кунад.

Дар натиҷаи тадбирҳои андешидашуда мошин боздошта шуд. Ҳангоми боздошт ронандаи мошин осеб надидааст”.

Илова бар ин, шаби 22 декабр, тахминан соати 23:00, аз ҷониби шаҳрвандони Қирғизистон дар деҳаи Сомониёни шаҳри Исфараи вилояти Суғд ба манзили як шаҳрванди Тоҷикистон тирандозӣ сурат гирифтааст. Тир аз нуқтаи аҳолинишини Майскийи Кирғизистон паронда шудааст. Дар натиҷа тирезаҳои хонаи шаҳрванди Тоҷикистон осеб дидаанд.

Мақомот мегӯянд, аз рӯи ҳамаи ҳодисаҳои сарҳадии дар боло зикршуда дар сатҳи намояндагони марзбонии ҷонибҳо мулоқотҳои корӣ баргузор мешаванд.