Беҳтаринҳои футболи Тоҷикистон-2021: ҷоизадорони имсола маълум шуданд

Shared to Facebook

24 декабр дар маҷмааи “Кохи Суруш”-и пойтахт маросими тақдими мукофотҳои Лигаи футболи Тоҷикистон доир гардид. Аз рӯи натиҷаҳои мавсими гузашта, дар маҷмӯъ, ғолибон аз рӯи сездаҳ номинатсияи лигаи олии қаҳрамонии Тоҷикистон, қаҳрамонии кишвар байни дастаҳои лигаи аввал ва сабқати эҳтиётӣ муайян карда шуданд.

Ҳамчунин, нишонзанҳои беҳтарини лигаи олӣ ва якум ба мукофотҳои худ соҳиб шуданд. Дар ҳар кадоме аз номинатсияҳо се нафар довталабон буданд.

Бо натиҷагирии мавсим ҳамлагари тими “Пахтакор” (Ҷаббор Расулов) Далер Шарифов беҳтарин бозигари лигаи аввали Тоҷикистон ва ҳамлагари дастаи “Динамо”-и Душанбе Абдулфаттоҳи Худойдодзода ҷоизаи беҳтарин нишонзанро ба даст оварданд. Сармураббии “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода Ҳикмат Фузайлов беҳтарин мураббии лигаи аввали Тоҷикистон-2021 дониста шуд.

Дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷавонони Тоҷикистон ҷоизаи беҳтарин бозигари мавсим-2021 ба Аминҷон Алиҳмадов, аз “Равшан”-и Кӯлоб ва Шарифҷон Зиёев, сармураббии дастаи эҳтиётии Хуҷанд, ҷоизаи беҳтарин мураббии мусобиқаи эҳтиётиро соҳиб шуданд.

Довари душанбегӣ Сайёдҷон Зайниддинов бори панҷум дар карераи худ ҷоизаи “Беҳтарин довари Тоҷикистон”-ро соҳиб шуд. Қаблан вай дар солҳои 2015, 2017, 2018, 2020 ва 2021 беҳтарин довари Тоҷикистон шуда буд.

Дар лигаи олии Тоҷикистон беҳтарин дарвозабон легионери туркмании КМВА-и Душанбе Рахат Ҷапаров дониста шуд.

Ҳимоятгари тими миллии Тоҷикистон Ваҳдат Ҳанонов, ки қабл аз гузаштан ба “Персеполис”-и Эрон дар “Истиқлол”-и пойтахт бозӣ мекард, беҳтарин ҳимоятгари Чемпионати Тоҷикистон-2021 гардид.

Капитани КМВА Фатҳулло Фатҳуллоев бо ҷоизаи “Беҳтарин нимҳимоятгари Чемпионати Тоҷикистон-2021” сарфароз гардид.

Ҳамлагари “Истаравшан» Илҳомҷон Баротов беҳтарин ҳамлагари чемпионат дониста шуд.

Ҳамлагари “Хуҷанд” Артём Сердюк беҳтарин легионери лигаи олӣ дар мавсими 2021 эълон гардид.

Сармураббии “Истиқлол” Виталий Левченко, ки бо роҳбарии ӯ бошгоҳи Душанбе имсол соҳиби се ҷом (Ҷоми ФФТ, Суперҷоми Тоҷикистон ва Ҷоми қаҳрамонӣ) шуд ва инчунин ба даври 1/8 ниҳоии Лигаи қаҳрамонҳои AFC-2021 роҳ ёфт, соҳиби ҷоизаи беҳтарин мураббии Тоҷикистон — 2021 гардид.

Ҳамлагари “Истиқлол” Манучеҳр Ҷалилов бо 18 гол беҳтарин нишонзани Чемпионати Тоҷикистон-2021 эълон гардид.

Рӯзи шанбе, 25 декабр дар маҷмааи “Кохи Парфенон” дар Душанбе маросими тақдими ҷоизаҳои Федератсияи футболи Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ин маросим ғолибон дар панҷ номинатсия — чеҳраи умедбахши Лигаи наврасон, футзалисти беҳтарин, футболбоззани беҳтарин, бозингари беҳтарини Тоҷикистон, ки дар хориҷи кишвар ҳунарнамоӣ мекунад ва футболбози беҳтарини сол эълон шуданд.

Дар ин чорабинӣ Алишер Ҷалилови 28-сола, нимҳимоятгар ва капитани дастаи “Истиқлол”-и Душанбе, беҳтарин бозигари соли 2021 эълон шуд.

Барои дарёфти ин ҷоиза Алишер Ҷалилов аз ду довталаби дигар – нимҳимоятгари КМВА (Клуби марказии варзишии артиш)-и Душанбе Фатҳулло Фатҳуллоев ва ҳамлагари дастаи “Истаравшан”-и шаҳри Истаравшан Илҳомҷон Баротов пеш гузашт.

Алишер Ҷалилов маротибаи дуюм аст, ки барандаи ҷоизаи “Беҳтарин бозигари сол” мегардад. Ӯ бори аввал соли 2019 ин ҷоизаро ба даст оварда буд. Фатҳулло Фатҳуллоев соли 2017 ва Илҳомҷон Баротов соли 2020 ба гирифтани ҷоизаи мазкур мушарраф шуда буданд.

Дар ин маросим, ҳамчунин, аз рӯйи натиҷаҳои мавсими соли 2021 ғолибон боз аз рӯи чаҳор номинатсия эълон шуданд. Барои дарёфти ҷоизаи “Беҳтарин бозигаре, ки аз Тоҷикистон дар хориҷ аз кишвар бозӣ мекунад”, се довталаб буд ва ҳарсе узви дастаи мунтахаби миллии кишвар мебошанд: нимҳимоятгарон Парвизҷон Умарбоев (“Локомотив”, Пловдив, Булғористон), Эҳсони Панҷшанбе (“Навбаҳор”, Ӯзбекистон), инчунин ҳамлагар Шаҳром Самиев (“Торпедо-БелАЗ”, Беларус). Ин ҷоиза ба Эҳсони Панҷшанбе супурда шуд.

Ба Файзалӣ Сардоров аз дастаи “Соро Компания»-и Душанбе ҷоизаи “Беҳтарин бозигари футзал дар соли 2021” тақдим гардид.

Ҳамчунин, барандагони ҷоизаҳои “Беҳтарин футболбоззани сол” ва “Чеҳраи умедбахш” — футболбози ояндадори Лигаи наврасон бо тӯҳфаҳо сарфароз шуданд.