Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз, 29 июл, дар доираи иштирок дар маросими ифтитоҳи мусобиқаи байналмилалии “Бозиҳои оянда” дар Остона бо Президенти Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев мулоқот карданд.
Дар мулоқот вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои дӯстӣ, шарикии стратегӣ ва ҳампаймонии байни Тоҷикистон ва Қазоқистон баррасӣ шудааст.
Ҳарду ҷониб аз динамикаи мусбати ҳамкорӣ қариб дар ҳама соҳаҳо изҳори қаноатмандӣ кардаанд. Аҳамияти идомаи муколамаи мунтазами сиёсии байнидавлатӣ ва густариши робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва сармоягузорӣ дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн таъкид гардидааст.
Ба афзоиши тиҷорати дуҷониба ва рушди ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёт ва логистика, технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир шудааст.
Суръати баланди афзоиши гардиши тиҷорати дуҷониба дар нимаи аввали соли равон таъкид карда шудааст.
Бо дарназардошти вазъи кунунии бозорҳои энергетикии ҷаҳонӣ ва минтақаӣ, ҷонибҳо афзоиши минбаъдаи содироти маҳсулоти нафтии Қазоқистонро ба бозори Тоҷикистон баррасӣ кардаанд.
Вобаста ба бахшҳои фарҳангию башарӣ ҷонибҳо алоқамандии худро ба тақвияти раванди мубодилаи эҷодӣ, таълимӣ ва академӣ, инчунин густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои сайёҳӣ, варзиш ва дигар самтҳои мавриди таваҷҷуҳи муштарак изҳор доштаанд.
Ҳамкории бисёрҷониба дар доираи сохторҳои байналмилалӣ ва минтақаӣ низ баррасӣ шудааст.




