Тоҷикистон ва БОР тарҳи идораи обанбори “Баҳри Тоҷик”-ро баррасӣ кардаанд

Shared to Facebook Shared to Max

Намояндагони Тоҷикистон ва Бонки осиёии рушд (БОР) масъалаҳои марбут ба татбиқи тарҳи “Идораи самараноки захираҳои обии обанбори “Баҳри Тоҷик”-ро баррасӣ карданд. Дар ин бора “Азия+” бо такя ба маълумоти Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон хабар медиҳад.

Мулоқот рӯзи 12 июн дар шаҳри Улан-Батори Муғулистон дар ҳошияи сафари кории ҳайати Тоҷикистон баргузор шудааст.

Аз ҷониби Тоҷикистон дар вохӯрӣ Ёрдамчии Президенти Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Неъматулло Ҳикматуллозода ва вазири энергетика ва захираҳои об Далер Ҷумъа иштирок кардаанд.

Аз ҷониби Бонки осиёии рушд мудири кулли Департаменти Осиёи Марказӣ ва Ғарбӣ Лея Гутиеррес ва роҳбари минтақавии ҳамкорӣ ва ҳамгироии минтақавӣ Асад Алим ҳузур доштаанд.

Мавзӯи асосии музокирот тарҳи “Идораи самараноки захираҳои обии обанбори “Баҳри Тоҷик” будааст.

____

____

Ба гуфтаи Неъматулло Ҳикматуллозода, ин тарҳ аҳамияти минтақавӣ ва фаромарзӣ дошта, ба гурӯҳи лоиҳаҳои инфрасохторие шомил мешавад, ки барои мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим пешбинӣ гардида, манфиаташ фаротар аз як кишвар аст.

Дар доираи татбиқи лоиҳа таҳкими сарбандҳои муҳофизатии обанбор барои пешгирӣ аз хатари обхезиҳо, таҷдиду навсозии пойгоҳҳои обкашӣ, беҳтар кардани ҳолати мелиоративии заминҳо ва шабакаҳои заҳбуру заҳкаш пешбинӣ шудааст.

Ҳамчунин, ҷорӣ намудани низоми муосири рақамии идоракунӣ ва назорати SCADA аз ҷумлаи бахшҳои муҳими тарҳ арзёбӣ мешавад.

Интизор меравад, ки татбиқи лоиҳа ба истифодаи самараноки захираҳои обии обанбор дар шароити тағйирёбии иқлим мусоидат карда, эътимоднокии таъминоти об барои обёрии заминҳои кишоварзиро афзоиш диҳад ва имконоти истеҳсоли неруи барқро бештар намояд.

Дар мулоқот таъкид шудааст, ки асосноккунии пешакии техникӣ ва иқтисодии тарҳ бо дастгирии Бонки осиёии рушд таҳия гардидааст.

Ёдрас мекунем, ки 6 апрели соли ҷорӣ вазири энергетика ва захираҳои об Далер Ҷумъа бо мудири Идораи кишоварзӣ, амнияти озуқаворӣ, захираҳои табиӣ ва рушди деҳоти Бонки осиёии рушд Ҷянфэн Жанг мулоқот анҷом дода буд. Дар он вохӯрӣ низ масъалаҳои марбут ба идораи самараноки захираҳои обии обанбори “Баҳри Тоҷик” мавриди баррасӣ қарор гирифта буданд.