Сарвазири Покистон Шаҳбоз Шариф эълон кард, ки Эрон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико рӯзи 19 июн дар Швейтсария тафоҳумномаи сулҳро ба имзо мерасонанд. Ин хабарро президенти Амрико Доналд Трамп низ тасдиқ кардааст.
Шаҳбоз Шариф, ки кишвараш дар музокироти байни Теҳрон ва Вашингтон нақши миёнҷиро иҷро мекунад, шаби 14 июн дар шабакаи иҷтимоии X навишт, ки ҷонибҳо ба созиш расидаанд ва маросими имзои санад рӯзи ҷумъа баргузор хоҳад шуд.
Ӯ аз ҳар ду тараф барои талош ҷиҳати ҳалли дипломатии ихтилофот изҳори сипос намуда, ҳамчунин аз Қатар, Арабистони Саудӣ ва Туркия барои саҳмашон дар пешбурди музокирот қадрдонӣ кард.
Ба гуфтаи Шариф, то замони имзои расмии санад як силсила нишастҳои омодагӣ баргузор мешаванд, ки дар онҳо ҷузъиёти техникии иҷрои тавофуқ ва маросими расмии имзои он баррасӣ хоҳад шуд.
______
ТРАМП АЗ ХАТМИ МУҲОСИРАИ ГУЛӮГОҲИ ҲУРМУЗ
ВА ТАВОФУҚ БО ЭРОН ХАБАР ДОД
Президенти Амрико Доналд Трамп дар шабакаи иҷтимоии Truth Social навишт, ки тавофуқи сулҳ бо Эрон “акнун ба анҷом расидааст”. Ҳамзамон, раиси Кохи Сафед фармон дод, ки муҳосираи Неруҳои баҳрии ИМА дар гулӯгоҳи Ҳурмуз лағв карда шавад.
“Иҷозат медиҳам, ки гулӯгоҳи Ҳурмуз барои ҳаракати озоди киштиҳо боз шавад ва ҳамзамон дастур медиҳам муҳосираи дарёии неруҳои баҳрии Амрико фавран қатъ гардад. Киштиҳои ҷаҳон метавонанд озодона ҳаракат кунанд”, – навишт Трамп.
Муовини президенти Амрико Ҷеймс Ди Вэнс низ гуфтааст, ки ният дорад дар маросими имзои созиш дар Женева иштирок кунад. Ба гуфтаи ӯ, эҳтимол худи Доналд Трамп низ дар ин чорабинӣ ҳузур дошта бошад.
______
ТЕҲРОН АЗ ИМЗОИ ЁДДОШТИ ТАФОҲУМ МЕГӮЯД
Муовини вазири корҳои хориҷии Эрон Козим Ғарибободӣ низ расидан ба тавофуқ бо Амрикоро тасдиқ кардааст. Ба гуфтаи ӯ, рӯзи ҷумъа ҷонибҳо “ёддошти тафоҳум” ё меморандуми ҳамдигарфаҳмиро имзо хоҳанд кард.
Ғарибободӣ гуфтааст, ки баъд аз имзои ин санад музокироти нав оғоз мешавад ва дар тӯли 60 рӯз ҷонибҳо барои таҳияи созишномаи ниҳоии сулҳ гуфтушунид хоҳанд кард.
Ба гуфтаи ӯ, дар ин муддат Эрон иҷрои ҳамаи бандҳои тафоҳумномаро аз ҷониби Амрико бодиққат назорат хоҳад кард.
Дар ҳамин ҳол, Доналд Трамп ин созишро рӯйдоди бесобиқа арзёбӣ намуда, изҳор доштааст, ки то имрӯз ҳеҷ як президенти Амрико натавониста буд чунин тавофуқро ба даст орад.
“Роҳбарони минтақа барои нахустин бор президентеро пайдо карданд, ки метавонад ба онҳо дар расидан ба сулҳи воқеӣ кумак кунад”, – навишт Трамп.
_______
СОЗИШНОМА БАЙНИ ЭРОН ВА АМРИКО
ЛУБНОНРО ҲАМ ДАР БАР МЕГИРАД
Дар изҳороти худ Шаҳбоз Шариф таъкид кардааст, ки ҷонибҳо барои қатъи фаврӣ ва доимии амалиёти низомӣ дар тамоми ҷабҳаҳо, аз ҷумла дар Лубнон, ба мувофиқа расидаанд.
Масъалаи Лубнон яке аз шартҳои муҳими Эрон дар ҷараёни музокирот арзёбӣ мешавад. Исроил тайи моҳҳои охир амалиёти низомиро дар ин кишвар идома дода, онро мубориза бо гуруҳи “Ҳизбуллоҳ” меномад.
Рӯзи 14 июн неруҳои ҳавоии Исроил бори дигар ба баъзе минтақаҳои Бейрут, ки таҳти нуфузи “Ҳизбуллоҳ” қарор доранд, ҳамла карданд. Тел-Авив ин амалиётро посух ба ҳамлаҳои мушакии гуруҳ арзёбӣ кард.
Доналд Трамп ин ҳамларо танқид намуда, гуфт, ки чунин иқдом дар рӯзи муҳим барои пешрафти музокироти сулҳ муносиб набуд.
_____




