Оғози мусобиқаи байналмилалии  “Бозиҳои оянда”

Shared to Facebook

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз, 29 июл, бо даъвати Президенти Қазоқистон дар шаҳри Остона дар маросими ифтитоҳи мусобиқаи байналмилалии  “Бозиҳои оянда” иштирок кардаанд.

Бозиҳои оянда рамзи давраи нав мебошад, ки дар он фарҳанги ҷисмонӣ ва технологияҳои пешрафтаи рақамӣ бо ҳам муттаҳид шудаанд.

Ин формати инноватсионӣ рӯҳияи замонро инъикос мекунад ва рушди варзишҳои анъанавиро бо имконоти бепоёни зеҳнии фазои киберӣ муттаҳид месозад.

Чунин ташаббусҳо на танҳо ба рушди технологӣ нигаронида шудааст, балки ба таҳкими дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва эътимод байни мардумони ҷаҳон мусоидат мекунанд.

Мусобиқаи байналмилалии бозиҳои оянда намояндагони пешбари ҷомеаи инноватсионии варзиширо дар бар мегирад ва меъёрҳои навро барои рушди варзиши рақамӣ дар кишварҳо муқаррар мекунад.

Иштирок дар маросими ифтитоҳи мусобиқаи байналмилалии  “Бозиҳои оянда-2026” 29.07.2026