Дар яке аз минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон корхонаи истеҳсоли триоксиди сурма таъсис дода мешавад. Ин ва дигар масъалаҳои ҳамкории дуҷониба дар соҳаҳои саноати кӯҳкорӣ ва металлургия дар мулоқоти Вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон Шералӣ Кабир бо ҳайати Вазорати иқтисод, савдо ва саноати Ҷопон (METI), намояндагони Созмони Ҷопон оид ба таъмини амнияти металлҳо ва энергетика (JOGMEC) ва чор ширкати ҷопонӣ баррасӣ гардидаанд.
Ба иттилоъи дафтари матбуоти Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон, ҷонибҳо ба тавсеаи ҳамкорӣ дар самти истифодаи самараноки захираҳои маъданӣ ва ҷалби технологияҳои муосир таваҷҷуҳи махсус зоҳир карданд.
Ҷонибҳо манфиатдории муштаракро барои таҳкими шарикии соҳавӣ, коркарди амиқи ашёи хом, рушди ташаббусҳои муштарак, табодули таҷриба ва густариши ҳамоҳангсозӣ байни сохторҳои дахлдори ду кишвар таъкид намудаанд.
Дар ҷараёни мулоқот инчунин имконоти ҳамкорӣ дар самти омӯзиши геологӣ, рушди иқтидори кадрӣ, аз ҷумла ташкили даврҳои бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси мутахассисон, ҳамчунин шиносоӣ бо таҷрибаи пешқадами Ҷопон дар бахшҳои кӯҳкорӣ ва металлургия баррасӣ шудаанд.




