Донишномаи Сари Хосор

Shared to Facebook

(Дар идомаи мулнуқтаҳои Донишномаи Сари Хосор бо номи «Осор ва асрори Сари Хосор» (Азим Иброҳим, нашриёти «Эр-Граф», Душанбе, соли 2024)

__

Агар умри инсонҳоро ба айёми ҷавонӣ, миёнсолӣ, пиронсолӣ тақсим кунем, 35 соли он ба даврони ҷавонӣ рост меояд. Ҷавонии Истиқлоли давлатии мо идомаи умри ҳазорсолаи нобиғаҳои тоҷику форс, ҷонфидоиҳои Спитамон, Темурмалик, Маздак, Абумуслим, устувории имони Имом Абуҳанифа, шуҷоату мардонагии устод Садриддин Айнӣ, алломаҳои сиёсат Шириншоҳ Шоҳтемур, Нусратулло Махсум ва Бобоҷон Ғафуров буда, занҷири аз қарн ба қарни миллат ба дасти ягона қаҳрамони давлатсозу миллатсоз, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон расид. Таърихи шашҳазорсолаи давлатдории тоҷикон дар ғорҳои Сиистон, кӯҳҳои Помиру Ҳимолой, қасрҳои шаҳрҳои Эсхата, Киропол, Ҳулбук, Саразму Карон, Бозордараву Тахти Сангин, дижҳои Бартанг, Ямчун, Ҳисору Хуҷанд, Бунҷакат, Фалғару Сари Хосор пинҳон аст.

Хуросони ҳудуди ҳозираи Тоҷикистон ин арсаи паноҳгоҳ, макони раҳоӣ аз марг, водии барои арабу муғулу манғит дастнорас табдил ёфт. Дар ин ҷо рушанфикрони мазҳабӣ, авлодҳои Имом Ҳазрати Алӣ, пайвандонаш Ҳасан, сӯфиёну саидҳои Хуросон, Шоҳи Хомӯш, Шоҳи Бурҳон, Шоҳи Валӣ, Мир Саид Алии Ҳамадонӣ аз таъқибу разолат паноҳ ёфтанд. Ҳоло ҳам дар равони мо бим, тарс, воҳима вуҷуд дорад. Боз ҳам такрор мекунем, ки Сари Хосор осорхонаи табиӣ ва таърихии миллат аст.

Ҳазорҳо зиёӣ, адибу муарриху санъаткор роҷеъ ба мӯъҷизоти Сари Хосор бо иттилои сарсарӣ қаноат карданд. Ва ниҳоят олим, маъданшиносу гавҳаршинос, шоир ва ҷомеашинос Азим Иброҳим ба иқдоми наҷибу пурмасъулият даст зад. Дар асл ҳам, танҳо геолог аз умқи замин, аз дили кӯҳ тилло, лаъл, нафт ва зеварҳоро пайдо мекунад. Ва он кони кашфношудаи таърих, этнография, адабиёту тибро Азим Иброҳим кашф кард. Ӯ барои ин садҳо сабаб дорад, ки ҳоло 35 сабабашро дар арафаи ҷашни пурифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ зикр мекунем.

Сабаби якуми эҷод ва нашри китоб ин хитоб ва таъкиди Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд: «Бо андешаи донишмандон вожаи Сари Хосор ба маънои саргаҳи Хуросон ё оғози Хуросони таърихӣ, инчунин макони дар рӯ ба рӯи офтоб ҷойгирифта маънидод шудааст. Вобаста ба ин мехоҳам хотирнишон созам, ки бо вуҷуди интишори як силсила китобу мақолаҳои илмӣ ва илмиву оммавӣ, таърихи ин диёри бостонӣ, тарзи зиндагӣ, маданияти заминдориву чорводорӣ ва дигар масъалаҳои ҳаёти гузаштаи сокинони он то ҳанӯз пурра омӯхта нашудаанд ва анҷом додани ин кори хайр вазифаи олимону мутахассисон мебошад» («Асрор ва осори Сари Хосор», «Эр-Граф», 2024, саҳ. 4).

Аз ин таъкиди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки мушаххасан ба олимону мутахассисон муроҷиат кардаанд, 7 сол сипарӣ шуд. Ва танҳо шоиру олим, ҷомеашинос, ходими маъруфи давлатӣ Азим Иброҳим (аввалин ва ҳоло ягона вазири узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон) таъкиди Пешвои миллатро фаромӯш накард. Ба ин маънӣ, мешавад гуфт, ки сабаби якуми эҷоди ин китоб дастури Пешвои миллат буд.

Дуюм. Дар бойгонии Азим Иброҳим, аз рӯи иттилои шоир ва пажӯҳишгари маъруфи мероси ориёиҳо ва муҳаққиқи «Шоҳнома» Муҳтарам Ҳотам, шеъри Шоири халқии Тоҷикистон Ашӯр Сафар ҳанӯз дар даврони ҷавонии Азим Иброҳим сабт шудааст:

Диламро бурда ин афсонадунёи Сари Хосор,
Шудам дар як нигоҳ мафтуну шайдои Сари Хосор.

Аз овони ҷавонӣ Азим Иброҳим ситоиш, пажӯҳиш ва кашфи ин пораи таърихи ориёиҳоро орзу дошт. Ва фориғ аз маъданковию сарватҷӯӣ аз умқи замин, аз сарвати маънавию адабӣ низ дар канор набуд. Ҳамин буд, ки дар вақтҳои фориғ аз кор ба пажӯҳиш машғул шуд.

Сеюм. Ин сабабро он қишри зиёиёне мефаҳманд, ки хастагӣ, рӯҳафтодагӣ, зиндагибезорӣ, бемадории маънавии худро яке бо шароб, дигаре бо ишқварзӣ, иддае бо таронахонӣ ва камтаринаш бо эҷодкорӣ бартараф мекунанд. Азим Иброҳим мушкилоти кӯҳгардӣ, кӯҳканию сарватҷӯии диёрро бо шеъру пажӯҳиш рафъ мекунад.

Чорум. Ҳанӯз таҳсил дар шаҳри Тошканд, кор дар соҳаи геология, сафарҳои бешумори хизматӣ ба чор гӯшаи дунё, ҳамкорону ҳамсафарону ҳамсуҳбатон аз ӯ дар мавриди Сари Хосор суол мекарданд. Ба «геология»-и этнографӣ, мардумшиносӣ ҳанӯз ба ҳайси ассистенти кафедраи геодезия ва маркшейдерии Донишкадаи политехникии Тошканд солҳои 1995-2002 ва баъдан ба ҳайси сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиддан машғул шуд.

Азим Иброҳим муаллифи рисолаҳо ва мақолаҳои илмӣ ва соҳиби 5 шаҳодатномаи ихтироъкорӣ аст. 12 сол барои ин ҷавобҳо умрашро сарф кард. Акнун мардум бояд фаҳмад, ки дараи Сари Хосор, собиқ ноҳияи Сари Хосор, таърихи тамаддуни ориёӣ аст. Азим Иброҳим шефтаи ин тамаддун ва ин фарҳанг аст.

Панҷум. Устод Азим Иброҳим ифтихор дошт, ки Сари Хосор тарҷумаи ҳоли қадимтарин қавмҳои ориёӣ аст. Фақат дар ин ҷо деҳоти сирф ориёии Шикелдара, Мулоконӣ, Дароз, Қалъанак, Даҳана, Гулзамин, Саводбо, Шибдар, Пештов, Шомушаб, Аспи Рингон, Айлонӣ, Зувар, Калот, Гулдара, Сангсел, Вахинак, Туткон, Шингдара, Зардакӣ, Нусай, Дашттарҳо, Садаҳо, Афардӣ, Шайдон, Тойдара, Дашти Килкон пок аз шеваи арабию туркӣ, ки забони ноби тоҷикии дарӣ дар натиҷаи истило ва тохтутозҳои хунини ғоратгарони меросдузди араб, турк, муғул, манғит олуда шуд, дучор мешавед. Ҷанини давлати Ҳахоманишиҳо ё Куруши Кабирро дар Константинопол ё Шерозу Кобул кофтан зарур нест. Сари Хосор бойгонии империяҳои Куруши Кабир ва Сомониёни оламгир аст.

Шашум. Ҳанӯз дар овони ҷавонӣ Азим Иброҳим ба шаршараи Сари Хосор мерафт. Дар ин ҷо худро дар гаҳвораи тифлӣ ҳис мекард. Ва беҳтарин ашъорашро дар ин ҷо эҷод намуд.

__

Шаршараи Сари Хосор аз баландии 50 метр чун тифлакони шӯх обпошак мекунад. Теппаи шаршараро гӯё муҳандис, меъмор наққошӣ кардааст. Зинаҳои 50-метраи табиат Ниагараи кӯчакро ёдрас мекунад. Ва оби ин фаввораи табиӣ аз шохаҳои қаторкӯҳи Вахш, болооби дарёи Сурхоб, ки дар баландии тақрибан 1500 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир аст, сарчашма мегирад. Ва баробари хома рондан дар зеҳни Азим Иброҳим симо, мӯъҷизоту набототи олами ниҳонии ин диёр ҷилвагар мешавад. Ва ӯ дафтари шеърро як сӯ гузошта, таърих, этнография, осори Сари Хосорро аз хазинаи шифоҳӣ ба хаттӣ мекӯчонад.

Ҳафтум. Азим Иброҳим бо вуҷуди серкорӣ, чун мансабдори масъули давлатӣ, аз шабакаҳои иҷтимоӣ парҳез намекард. Ӯ борҳо гуфтааст, ки аз дунёи «Ютуб», «Фейсбук» ва «Инстаграм» наметарсад, балки бо ин роҳ бо мардум, зиёиён, аҳли эҷод дар тамос аст.

Иттилооти хаттӣ дар асри 30 низ чун намунаи нодири мероси ҳуҷҷатӣ боқӣ мемонад. Мутмаин ҳастем, ки ин китоб, ин таърих дастраси умум мешавад ва сайёҳони дунё ҳангоми дамгирӣ дар шаршараи Сари Хосор аз ин китоб чун манбаи муътамад истифода мекунанд.

Ҳаштум. Бояд ин китоб моҳи августи соли 2019, дар арафаи сафари дуюми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Балҷувон, аз ҷумла ба деҳоти Сари Хосор, нашр мешуд. Ва бори дуюм Пешвои миллат будани чунин донишномаи оммавиро таъкид мекунанд.

Нуҳум. Паррандаҳо шиноснома, шаҳодатнома, сертификат надоранд (ба истиснои он ҳайвоноте, ки шомили Китоби Сурх ҳастанд). Вагарна, мо мефаҳмидем, ки аз даҳ ҳазор паррандаву набототу ҳайвоноти Сари Хосор кадомаш то рӯзҳои мо расиданд. Боғи беназири табиӣ ва ҷангалҳои васеъбарги кӯҳии мезофилии Сари Хосор, хуки ваҳшӣ, хирс, бузи сибирӣ, уриал, сангпӯшт, самур, паланги барфӣ, кабӯтари чӯбӣ, сангпӯшти шарқӣ то имрӯз расидаанд. Ва ин мероси табииро бояд ҳисоб кард, навишт ва ҳифз намуд. Таҳияи нахуст феҳристи набототу ҳайвоноти Сари Хосор низ бо иқдоми Азим Иброҳим сурат гирифт. Дар ин китоб ин феҳрист ҷой дода шуд.

Даҳум. Касбе, ки ба таъриху адабиёт пайвасти бевосита дорад, соҳа ва илми геология аст. Сесад сол «муфаттишон»-и умқи замин аз асрори замин, сарватҳои даруни он, мӯъҷизоту бедодгариҳои замин дар баробари кашфиёти илмӣ ва истихроҷи сарвати замин, асарҳои бунёдӣ оид ба геологияи мӯъҷизаҳои замин офариданд. Ба қавли сайёҳшинос Юрий Станкевич, беҳтарин геолог беҳтарин адиб аст.

Геологи машҳури ду қарн Владимир Обручев бо романҳои «Замини Санников» ва «Плутоний» маъруф шуд.

Иван Губкин бунёдгузори очерки илмӣ аст.

Геологи маъруфи Иттиҳоди Шуравӣ Александр Карпинский, аввалин президенти Академияи илмҳои Иттиҳоди Шуравӣ, таронаҳо ва новеллаҳои аҷиб офарида буд.

Олимони машҳур Владимир Обручев, Дмитрий Мушкетов асарҳои публитсистии оммавӣ оид ба замин ва сарватҳои он офарида буданд.

Ин анъанаро геологҳои маъруфи Тоҷикистон академик Рауф Баротов, Сороҷон Юсупова, Абдулҳақ Файзиев, Абдураҳим Ҳасанов, Мададбек Тоҷибеков, Зуҳур Ёров, Азим Иброҳим идома дода, асрори дарун ва беруни заминро бо публитсистикаи оммафаҳм шарҳ медоданд.

Аз ҳама беш онро Азим Иброҳим ба сатҳи ҷаҳонӣ муаррифӣ намуд.

Ёздаҳум. Азим Иброҳим анъанаро идома дод. Ин қишри гавҳаршиносу гавҳарёб — адибон-геологҳои маъруфи дунё Владимир Обручев, Олег Куваев, Антуан де Сент-Экзюпери, Ҳенри Дэвид Торо, шоирони машҳури геолог Александр Городнитский, Владимир Соколов, Иван Ефремов, Николай Успенский, Владимир Корчагин мафҳуми Ватанро маҳал, макони мушаххаси инсонҳо маънидод карда, таъкид доштанд, ки ҳар заминшинос, маъданшиносу табиатшинос зодгоҳ, ватани кӯчакашро бояд ситоиш кунад, муаррифӣ намояд. Миллионҳо нафар шаҳрвандони Иттиҳоди Шуравӣ ватандӯстиро аз китоби «Доғистони ман»-и Расул Ғамзатов, «Саҳрои Кабир»-и Давид Кугалтинов, «Контрапункт»-и Эдуардас Межелайтис, «Садои Осиё»-и устод Мирзо Турсунзода ёд гирифтанд. Муҳим нест, ки ҳудуди ин Ватан аз куҷо сар мезанаду то ба куҷо мерасад. Вазифаи ин маъданшиносону заминшиносон муаррифии табиат ва кишвар буда, ситоиши заминро бояд чун оятҳои китобҳои муқаддаси инсонӣ тавсиф намуд. Ва ҳарфи аввали он аз деҳи кӯчак, дараи касногузар, авули биёбонӣ сар мешавад.

Ва ҳоло даҳ моҳияти илмӣ-бадеии Донишномаи Сари Хосорро баррасӣ мекунем.

Якум. «Аз як дарича» ҳам табиат, ҳам адабиёт, ҳунар, мардумшиносӣ, таърих ва мӯъҷизоти табиатро омӯхтан моҳияти асосии ин китоби мароқангези зеҳнтакон аст.

Дуюм. «Асрор ва осори Сари Хосор» китоби дарсии мардумшиносӣ ва ватанпарастӣ буда, бояд дар мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ дарси мардумшиносӣ аз рӯи он тадрис шавад. Он гоҳ ҳар тоҷик қимату арзиши табиати диёрро мефаҳмад.

Сеюм. Роҳнамои асосии сайёҳону меҳмонон дар дунёи иттилооти фаровони мултимедиявии маҷозӣ, хаттӣ, видеоӣ ва тасвирӣ чунин асарҳои мукаммали таърихӣ, табиӣ ва этнографӣ мебошанд. Аз ин рӯ, ин китоб бояд чун роҳнамои туризм ба забонҳои хориҷӣ тарҷима ва нашр шавад. Ва мо ҳам мисли мардуми бомаърифати дунё ба ҷойи тоқӣ ва ҷӯробу ҷома китобро ба меҳмонон тақдим кунем.

Чорум. Китоби «Асрор ва осори Сари Хосор» яке аз омилҳои муҳими дарси хештаншиносӣ, бедории ғурури миллӣ, коҳиши таъсири тамаддуни бегона ба насли наврас, омӯзиши кишвар ва маҳали Тоҷикистони маҳбуб мебошад. Дар мисоли зиндагиномаи бузургони диёр шуҷоати ҷангӣ-меҳнатӣ ва шуҳрати истиқлолхоҳии насли навро ташаккул медиҳад.

Панҷум. Ва аз ҳама муҳимаш, дараи Сари Хосор чун мамнуъгоҳи этнографӣ, таърихӣ ва табиии пурарзиш яке аз довталабони феҳристи мероси табиӣ ва фарҳангии ЮНЕСКО аст. Ин китоб Сари Хосорро дар сатҳи ЮНЕСКО муаррифӣ менамояд.

Шашум. Китоби «Асрор ва осори Сари Хосор» дар илми ҷуғрофия ва истилоҳоти табиатшиносӣ акнун вожаҳои «дара», «водӣ»-ро бояд расман ва илмӣ ба истилоҳоти ҷуғрофӣ ворид кунад. Мо ҳоло истилоҳи «минтақа»-ро дар зикри ноҳияҳои собиқ вилояти Кӯлоб истифода мебарем. Ва собиқ вилояти Ғармро бо истилоҳи «водӣ» менависем. Акнун бояд дараҳои Варзоб, Ромит, Алмосӣ, Шаҳристон, Хуф, Бартанг, Вахону Ғундро чун истилоҳи расмӣ қабул намоем.

Ҳафтум. Бояд эътироф кард ва ситоиш намуд, ки муаррихону муҳаққиқони Тоҷикистон дар се даҳсолаи охир оид ба ҷуғрофия, таърих ва мардумшиносии Тоҷикистон корҳои шоёне анҷом доданд. Вале бояд ошкоро гуфт, ки ҳанӯз ҳам таърихи мукаммали Хуталон, Дарвоз, Бадахшон, Исфара илмӣ ва ҳамҷониба омӯхта нашудааст. Ва то ҳадде он фақат дар маърузаҳои илмиву рисолаҳои илмӣ маҳфуз аст. Барои ҳамин ҳам мо фардо боз баҳси замину мерос хоҳем дошт.

Азим Иброҳим дар китоби «Асрор ва осори Сари Хосор» оид ба Хуталон дар аҳди Ғазнавиён, Хоразмшоҳиён, муғулҳо ва амирони Бухоро маълумоти хеле ҷолибу оммафаҳм гирд овардааст. Чунин тарзи муаррифии таърих зуд ба зеҳни насли наврас менишинад.

Китоб чун маълумотномаи ҷуғрофӣ ва энсиклопедӣ муҳимтарин самту бахшҳои таърихро гирд оварда, барои ҳамсояҳо сарвати моро муаррифӣ мекунад.

Ҳаштум. «Таърихи Байҳақӣ», «Осор-ул-боқия», «Ҳудуд-ул-олам»-и Берунӣ, «Тазкират-уш-шуаро»-и Давлатшоҳи Самарқандӣ барои далелҳои мӯътамади мероси аҳди қадим ва асрҳои миёна собит кардаанд, ки мо соҳибтамаддуни бостонӣ ҳастем. Аммо дар шароити имрӯза «хусусигардонӣ»-и мероси фарҳангию таърихии тоҷикон идома дорад. Онро бархе ҳамсояҳои муштаракдину муштаракзабони мо ғасб менамоянд. Чунин тазкираҳои оммафаҳм моро барои ҳифзи мероси бойи гузашта омода карда, бо маълумоти илмӣ шинос мекунанд. Ва шояд пас аз сад сол чунин асарҳо қиммату арзиши тиллоии хешро намоиш диҳанд.

Нуҳум. Омӯзиш, пажӯҳиш ва таҳқиқи диёр ин такмил ва тақвияти таърихи ҳазорсолаи мо мебошад. Имрӯз адибон, зиёиён, олимон бояд таърихи нуҳуфтаи ҳар ноҳия, водӣ ва дараҳоро дар асоси меъёри китоби «Асрор ва осори Сари Хосор» таҳия ва нашр кунанд.

Даҳум. Имрӯз дар олами сайёҳии экологӣ ва табиатшиносӣ осорхонаҳои миллии таърихи табиӣ дар дунё шуҳрати бузург дошта, ба макони сайру саёҳати сайёҳон табдил ёфтаанд. Осорхонаи табиии Париж (Фаронса) бо номи Галереяи бузурги эволютсияи табиӣ мебошад. Сари Хосор чун Осорхонаи таърихи табиӣ аз осорхонаҳои Париж, Вена (Австрия) ва Осорхонаи таърихи табиии Абу-Дабӣ (АМА) камӣ надорад. Мо бояд чунин осорхонаи табиии ҷаҳониро бунёд намоем.

Аслан, дар Тоҷикистон онро табиат бунёд кардааст. Мо аз тариқи чунин асарҳо онро ба ҷаҳон муаррифӣ намоем (Боз ҳам такрор мекунам, ки нашри ин китоб ба забонҳои форсиву англисӣ хеле зарур мебошад).

Ва ниҳоят, пас аз 73 соли нашри китоби нодири илми этнографӣ ва мардумшиносии академик М. С. Андреев «Тоҷикони водии Хуф» (Москва, «Наука», 1953), беҳтарин донишномаи этнографӣ ва таърихи тоҷик нашр гардид.

Наҷмиддин ШОҲИНБОД
узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон