Сафари кории Президенти Тоҷикистон ба Қазоқистон

Shared to Facebook

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз, 29 июл, барои иштирок дар маросими ифтитоҳи мусобиқаҳои байналмилалии “Бозиҳои оянда” ба шаҳри Остонаи Қазоқистон рафтанд.

Ба иттилоъи хадамоти матбуоти Сарвари давлат, дар ин сафар Президентро вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчии Президент оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, директори Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.

Дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Остона Президенти Тоҷикистонро Сарвазири Қазоқистон Олжас Бектенов ва дигар намояндагони воломақом истиқбол гирифтанд.

Ба ифтихори меҳмони олиқадр майдони фурудгоҳ бо парчамҳои давлатӣ оро ёфта, қаровули фахрӣ саф ороста буд.

Оғози сафари корӣ ба Ҷумҳурии Қазоқистон 29.07.2026