Барои озод намудан аз хизмати ҳарбӣ 22 ҳазор сомонӣ гирифтааст

Shared to Facebook

Як масъули Комиссариати ҳарбии вилояти Хатлон ҳангоми гирифтани 22 ҳазор сомонӣ барои аз хизмати ҳарбӣ озод намудани як шаҳрванд дастгир шудааст.

Дар ин бора маркази матбуоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон хабар дод:

“Дӯстов Раҷабалӣ Ҷумахонович дар вазифаи сардори Дастгоҳи алоқаи махсуси махфии зершуъбаи алоқаи Комиссариати ҳарбии вилояти Хатлон кор карда, дар давраи фаъолияти кориаш бо истифода аз ваколати хизматӣ бо роҳи фиреб ва сӯиистифодаи боварӣ аз шаҳрванд “А” барои аз хизмати ҳарбӣ озод намудани бародараш маблағи 22000 сомонӣ талаб намудааст”, — омадааст дар хабар.

Номбурда зимни як амалиёти махсуси кормандони Агентӣ баъди бевосита талаб карда гирифтани маблағи 22000 сомонӣ аз шаҳрванд “А” дар ҷойи ҳодиса дастгир карда шуда, маблағи мазкур аз ӯ ҳамчун далели шайъӣ ёфта гирифта шудааст.

Ба иттилоъи манбаъ, вобаста ба ҳолати мазкур нисбат ба Дӯстов Р.Ҷ. бо моддаи 247 қисми 3 банди “а” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, ба Сарпрокуратураи ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол карда шуд.