Ғолибияти донишҷӯёну толибилмони тоҷик дар олимпиадаҳои байналмилалӣ

Shared to Facebook

Панҷ донишҷӯи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар олимпиадаи байналмилалӣ савозори ҷойҳои намоён шудаанд. Хонандагони муассисаҳои таълимии Тоҷикистон бошанд, дар 3 олимпиадаи байналмилалӣ соҳиби 8 медал гардиданд.

Бино ба хабари Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, донишҷӯёни тоҷик дар олимпиадаи II байналмилалии интернет -донишҷӯёни “Низоми интихоботии мамлакатҳои ҷаҳон” иштирок намуданд.

Ин мусобиқа аз ҷониби Донишкадаи байналмилалии мониторинги инкишофи демократия, парламентаризм ва риояи ҳуқуқи интихоботии шаҳрвандон — давлатҳои аъзои Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ ва шарикони ғайритиҷоратии “Маркази иттилоотӣ -таҳлилии “Авруосиё -Волга” баргузор гардид.

Аз миёни донишҷӯёни тоҷик Муҳаммад Ибрагимов, ки дар бахши дуюми ин факулта таҳсил мекунад, сазовори ҷойи аввал шудааст.

Ҳамчунин, донишҷӯи курси чорум Ромиш Наврӯзов ва донишҷӯи курси се Мубориз Низомов сазовори ҷои дуюм гардиданд. Шерзод Ҳакимов, Тоҷиддин Одиназода ва Динора Қаландарова ҷойи сеюмро азхуд карданд.

Ёдовар мешавем, чанде қабл донишҷӯи курси 4-уми факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Шамил Абдураҳмонзода дар интернет-олимпиадаи байналмилалии «Низоми интихоботии давлатҳои ҷаҳон», ки дар шаҳри Санкт-Петербурги баргузор шуд, сазовори ҷойи дуюм ва дипломи дараҷаи II гардида буд.

Бино ба хабари АМИТ “Ховар”, рӯзҳои 6-11 декабр дар шаҳри Бокуи Озарбойҷон Олимпиадаи байналмилалии “Озмоишгоҳи таълимии истеъдодҳо-2021” аз фанҳои математика, физика ва химия байни хонандагони синфҳои 9-10 баргузор гардид. Дар ин озмун хонандагон аз давлатҳои ИДМ ва Балтика иштирок намуданд. Тоҷикистонро 3 нафар хонандагони муассисаҳои таълимии кишвар муаррифӣ намуда, Шукрона Охунова -хонандаи синфи 9-и Муассисаи давлатии таълимӣ барои хонандагони болаёқати шаҳри Хуҷанд сазовори ҷойи сеюм ва бо медали биринҷӣ сарфароз гардонида шуд.

Инчунин, тибқи хабари манбаъ, рӯзҳои 11-12 декабр дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон Олимпиадаи даставии барномасозии АвруОсиёӣ байни хонандагони синфҳои 10-11 баргузор гардид, ки аз Тоҷикистон 2 дастаи иборат аз 6 хонанда ва 1 роҳбари даста иштирок намуда, сазовори 6 ҷойи ифтихорӣ (3 медали биринҷӣ ва 3 медали нуқра) гардиданд.

Ҳамчунин, рӯзҳои 12-21 декабри соли ҷорӣ дар шаҳри Дубайи Аморати Муттаҳидаи Араб Олимпиадаи 18-уми байналмилалии илмӣ барои наврасон аз фанҳои физика, химия ва биология “IJSO 2021” тариқи фосилавӣ байни хонандагони синфҳои 5-9 баргузор гардид. Тоҷикистонро 6 нафар хонандагон муаррифӣ намудаанд. Дар Олимпиадаи мазкур 74 давлат, аз ҷумла Олмон, Фаронса, Аргентина, Амрико, Британияи Кабир, Бразилия, Австралия, Русия, Ҳиндустон, Чин, Руминия, Қазоқистон, Тоҷикистон ва ғайраҳо иштирок намуданд. Аз Тоҷикистон Ғуломзода Ҳусейн — хонандаи синфи 9-и Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе, байни 400 нафар иштирокчӣ аз 74 давлати дунё ҷойи сеюмро ба даст оварда, бо медали биринҷӣ сарфароз гардонида шуд.