Фавти чор ноболиғ дар садамаҳои нақлиётӣ

Shared to Facebook

Бино ба маълумоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, дар натиҷаи садамамаҳои нақлиётии рӯзҳои 27-29 август дар қаламрави ҷумҳурӣ чор ноболиғ ба ҳалокат расида, як ноболиғи дигар дар беморхона бистарӣ шудааст.

Рӯзи 27-уми август ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра” Назриев Дустмурод Холмуродович, соли таваллудаш 1991, сокини ҷамоати деҳоти Ширинчашмаи нноҳияи Тоҷикобод, ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди Ваҳдат-Рашт-Лахш, аз самти шаҳри Ваҳдат ба самти ноҳияи Рашт, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Хумдони ноҳияи Нуробод, аз уҳдаи идора кардани воситаи нақлиёт набаромада, автомашинаро ба канори рости роҳ чаппа кардааст.

Дар натиҷа мусофири автомашинаи мазкур, хурдсол Ибронов Усмон Дилшодович, соли таваллудаш 2019, сокини ҷамоати деҳоти Ширинчашма, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Рӯзи 28-уми август ронандаи автомашинаи тағаи “Опел-Астра” Нарзуллоев Фирӯз Сангинмуродович, соли таваллудаш 1995, сокини ҷамоати деҳоти С.Айнии ноҳияи Варзоб, ҳангоми ҳаракат бо роҳи мошингарди кӯчаи Д.Халқҳо – Анзоб, дар рӯ ба рӯӣ нуқтаи шустушӯи нақлиёти “Армуғон”, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагардони хурдсол Қосимов Аҳмад, соли таваллудаш 2014 ва Қосимов Шокирҷон, соли таваллудаш 2005, сокинони ноҳияи Шоҳмансурро пахш намудааст.

Дар натиҷа ноболиғ Қосимов Ш. ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст. Хурдсол Қосимов А. ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.

Рӯзи 29-уми август ронандаи автомашинаи тамғаи “Хундай-Саната” Нозимов Хуррам Абдулҳомидович, соли таваллудаш 1992, сокини пойтахт, ҳангоми ҳаракат аз самти кӯчаи Мастонгулов дар рӯ ба рӯи хонаи истиқоматии кӯчаи М.Мастонгулов мусофиронро аз автомашина фароварда, ҳангоми ба ҳаракат даровардани автомашина пиёдагарди хурдсол Дмитриев Собирҷон Иззатович, соли таваллудаш 2020, сокини шаҳри Душанберо, ки дар қисми пеши автомашина меистод, пахш намудааст.

Дар натиҷа пиёдагарди хурдсол Дмитриев С.И. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Ҳамчунин, рӯзи 29-уми август ронандаи автомашинаи тамғаи “Хонда-СРВ” Зокиров Собирҷон Содиқович, соли таваллудаш 1989, сокини ҷамоати деҳоти Ҳ.Усмони ноҳияи Б.Fафуров, ҳангоми ҳаракат аз кӯчаи дуюминдараҷаи байни бинои “Паприка”-и шаҳри Хуҷанд дар вақти ба роҳи асосӣ баромадан, бехатарии ҳаракати роҳро таъмин карда натавониста, ба автомашинаи тамғаи “Тойота-Каролла-Версо”, таҳти идораи ронанда Рустамов Азиз Азимович, соли таваллудаш 1994, сокини шаҳри Хуҷанд, бархӯрдааст. Автомашинаи тамғаи “Тойота-Каролла-Версо” ба бетони канори роҳ бархӯрда, чаппа шудааст.

Дар натиҷа мусофири автомашинаи тамғаи “Тойота-Каролла-Версо” ноболиғ Ибодов Манучеҳр Мавлонович, соли таваллудаш 2006, сокини шаҳри мазкур, ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.

Мақомот мегӯянд, аз рӯи ҳодисаҳои мазкур таҳқиқот идома дорад.