Кӯмаки Русия ба мактабҳои Тоҷикистон

Shared to Facebook Shared to Max

3 июн дар шаҳри Душанбе маросими супоридани бастаи нави кӯмаки башардӯстона аз ҷониби Федератсияи Русия дар доираи Барномаи ғизои мактабии Барномаи озуқавории ҷаҳонии Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон баргузор гардид, хабар медиҳад хадамоти матбуоти Сафорати Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Кӯмаки мазкур аз 121,4 тонна равғани офтобпарасти бо витаминҳои A ва D ғанигардонидашуда ва 135 тонна нахӯди зард (шикаста) иборат буд. Дар ояндаи наздик чунин маросим дар шаҳри Хуҷанд низ баргузор мегардад, ки дар доираи он 61,7 тонна равған ва 67,5 тонна нахӯд супорида мешавад.

Барномаи ғизои мактабии Барномаи озуқавории ҷаҳонии Созмони Милали Муттаҳид яке аз лоиҳаҳои бузург дар Тоҷикистон буда, аз ҷониби Федератсияи Русия маблағгузорӣ мешавад. Барнома тақрибан 450 ҳазор хонандаи синфҳои 1–4-ро дар зиёда аз 2000 муассисаи таълимӣ дар 53 шаҳру ноҳия фаро мегирад. Аз соли 2013 то имрӯз барои татбиқи он зиёда аз 90 миллион доллари ИМА ҷудо гардидааст.

Тавре Вера Валерьевна Хуторская, мушовир-сафири Сафорати Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, изҳор дошт, интиқоли маҳсулоти озуқавории босифат барои муассисаҳои таълимии деҳот ба анъанаи устувор табдил ёфта, ҳаҷми маблағгузории ҷудошуда сатҳи баланди ҳамкориҳои стратегӣ ва шарикии ду кишварро инъикос мекунад.

Дар чорабинӣ Бадриддин Музаффарзода, муовини Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Симон Холлема, намоянда ва директори кишварии Барномаи озуқавории ҷаҳонии Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон, инчунин намояндагони Сафорати Федератсияи Русия иштирок намуданд.

Акс: Сафорати Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон