Мулоқоти Саймумин Ятимов бо ҳайати баландпояи Иттиҳоди Аврупо

Shared to Facebook

18 феврал Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон Саймумин Ятимов бо ҳайати баландпояи хадамоти марзбонӣ ва кор бо муҳоҷирини Иттиҳоди Аврупо: Анджей Якубшек — директори раёсати кор бо шаҳрвандони хориҷии мақомоти марзбонии Полша, Лоте Лавиня ван дер Маде — мудири бахш оиди ба бозпасгардонӣ ва Эдита Скибинска — масъули аршади тамос оид ба бозпасгардонӣ, ки бо сафари корӣ дар шаҳри Душанбе қарор доштанд, мулоқот кардааст.

Ёдрас мекунем, ки ахиран, дар Иттиҳоди Аврупо зерсохтори алоҳида барои бозпасгардонидани муҳоҷирон бо таъини намояндаи махсус дар самти Осиёи Марказӣ таъсис дода шудааст:

“Зимни мулоқот масъалаҳои суръат бахшидан ба раванди бозпасгардонидани шаҳрвандони тоҷик ба Ватан, ки дар давлатҳои Аврупо ғайриқонунӣ сукунат дошта, хатари муайянро барои ҷомеаи аврупоӣ эҷод менамоянд, мавриди баррасӣ қарор гирифт”, — омадааст дар хабар.

Зикр мегардад, ки Саймумин Ятимов таваҷҷуҳи ҳайатро ба фаъолияти тахрибии ТТЭ собиқ ҲНИ ҷалб намуда, таъкид сохт, ки баъзе аз шаҳрвандони Тоҷикистон зери шиорҳои дурӯғин, баҳонаҳои бофта, бо ҳуҷҷатҳои қалбакиву сохта дар кишварҳои аврупоӣ соҳиби мақоми паноҳандагӣ шуданиянд.

Ба шарикон маълумоти муфассал ва далелҳои ҳуҷҷатӣ оид ба ҷиноятҳои содиркарда ва амали тахрибии баъзе аз фаъолони ТТЭ собиқ ҲНИ, ки ҳамзамон ба содир намудани хиёнат ба ватани аҷдодӣ дар пайи гирифтани иҷозати иқомат дар кишварҳои ғарбӣ ҳастанд, пешниҳод гардид:

“Сарчашмаҳои маблағгузорӣ, марказ ва воситаҳои роҳандозии фаъолияти ҷинояткоронаи чунин ашхос бо далелҳои муътамад ба таваҷҷуҳи масъулини Полша ва Иттиҳоди Аврупо расонида шуд”, — мегӯяд манбаъ.

Ҷонибҳо ба мувофиқа расидаанд, ки ҳамкории муштаракро дар самти ошкор, дастгир ва ба Тоҷикистон истирдод намудани унсурҳои ҷиноятӣ, инчунин пешгирии воридшавии ғайриқонунӣ ба Аврупо тавсеа мебахшанд.

“Харитаи роҳ” дар масъалаи мазкур таҳия ва шахсони масъул муайян карда шудаанд.

Ҳайати меҳмонон ҳамчунин аз ҷониби роҳбарияти вазоратҳои корҳои хориҷӣ, дохилӣ, меҳнат ва шуғли аҳолӣ низ пазируфта шуда, масъалаҳои ҳамкорӣ бо ниҳодҳои номбурда низ баррасӣ гардидааст.