Дар пайи афзоиши танишҳо дар Шарқи Наздик, Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон ба қароргоҳи Флоти панҷуми нерӯҳои баҳрии ИМА (CENTCOM) дар Баҳрайн ва пойгоҳи ҳавоии Амрико дар Кувейт ҳамлаҳои мушакӣ ва ҳавопаймоҳои бесарнишин анҷом додааст. Ин амалҳо посух ба ҳамлаҳои ахири ҳавоии ИМА ба як иншооти низомии Эрон дар ҷазираи Кешм буданд, гуфта шудааст дар иттилоияе, ки расонаҳои эронӣ нашр карданд.
Ба навиштаи хабаргузории ISNA, дар изҳороти Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ гуфта шудааст:
“Дар як амали дигари таҷовузӣ, душмани амрикоӣ ҳамлаҳои ҳавоиро ба бурҷи мухобиротии Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ дар ҷануби ҷазираи Кешм анҷом дод. Дар посух ба ин таҷовуз, пойгоҳи ҳавоӣ ва майдончаи чархболи онҳо, ки дар як кишвари минтақа ҷойгир аст, инчунин қароргоҳи Флоти панҷуми Нерӯҳои баҳрии ИМА аз ҷониби мушакҳо ва ҳавопаймоҳои бесарнишин аз ҷониби Нерӯҳои кайҳонии Сипоҳ мавриди ҳамла қарор гирифтанд”.
Ба ғайр аз ин, Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ дар посух ба ҳамла ба як киштии нафткаши Эрон дар наздикии гулӯгоҳи Ҳурмуз ба киштии марбут ба ИМА “Паная” ҳамла кардааст.
Дар робита ба ин мақомоти Баҳрайн ба аҳолӣ тавсия додаанд, ки дар ҷойҳои амн паноҳ баранд.
Артиши Кувейт, дар навбати худ, аз рафъи ҳамлаҳои паҳподӣ ва мушакӣ хабар дод.
Неруҳои амрикоӣ иддао кардаанд, ки паҳподҳо ва мушакҳои эрониро пешгирӣ кардаанд.
Дар айни замон Фармондеҳии марказии Неруҳои мусаллаҳи ИМА (CENTCOM) тасдиқ кард, ки ба ҷазираи Кешми Эрон ҳамла карданд ва гӯё ин ҳамла барои дифоъ буд.
CENTCOM гуфтааст, низомиёни амрикоӣ чанд мушаки баллистикӣ ва паҳподи эрониро, ки ба сӯи Кувейт ва Баҳрайн партоб шуда буданд, пешгирӣ карда ва ҳамчунин як нафткашро, ки бо вуҷуди муҳосираи эълоншудаи ИМА кӯшиши рафтан ба ҷазираи Харки Эронро дошт, аз кор андохтанд.
Фармондеҳии амрикоӣ иддао кардааст, ки аз ин қабл Неруҳои мусаллаҳи ИМА се дрон-камикадзеи гӯё аз ҷониби Эрон ба самти дарёнавардони ғайринизомӣ партобшударо сарнагун карданд.




