1 июл дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Раиси Шӯрои Ассамблеяи парламентии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, Раиси Думаи Давлатии Маҷлиси Федералии Русия Вячеслав Володин ҷаласаи навбатии Шӯрои Ассамблеяи парламентии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (АП СААД) доир гардид.
Раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ, ки низ дар ҷаласа иштирок ва суханронӣ кард, иштирокдорон ва меҳмонони ҷаласаро ба пойтахти ҷумҳурӣ хайрамақдам гуфта, дар хусуси афзалиятҳои раёсати Тоҷикистон дар СААД, ки дар соли 2021 идома дорад, ибрози назар кард.
Аз ҷумла, зикр гардид, ки фаъолияти СААД омили нигаҳдории сулҳу пойдорӣ дар минтақаи таҳти масъулияти он маҳсуб ёфта, Тоҷикистон ба ҳамкории мутақобилаи кишварҳои узв дар доираи Созмон аҳамияти афзалиятнок медиҳад ва ҷонибдори кӯшишҳои муштарак ҷиҳати ба даст овардани ҳадафҳои оинномавии он мебошад.
Аз ин рӯ, афзалиятҳои раванди раёсати Тоҷикистон тамоми ҷанбаҳои амалу ҳамкории мутақобила дар бахши мудофиа ва амниятро, ки дар Нақшаи чорабиниҳои аз ҷониби Президенти Тоҷикистон тасдиқгардида ва Консепсияи раёсати Тоҷикистон дар СААД инъикос ёфтааст, фаро мегирад. Дар ин робита тавсеаи амалҳои якҷоя дар масири Ассамблеяи парламентии СААД ҳамчун яке аз самтҳои асосии раёсати мо ба ҳисоб меравад.
Раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон ҳамчунин, масъалаҳои дигари ҳамкорӣ, аз ҷумла дар бахши сиёсӣ, баланд бардоштани самаранокии муборизаи муштарак бар муқобили таҳдиду хатарҳои анъанавию муосир ба амният, аз ҷумла терроризм, экстремизм, шаклҳои гуногуни радикализм, ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ ва киберҷинояткориро ба баррасӣ гузошт.
Таъкид гардид, ки бо таваҷҷуҳ ба тезутунд гардидани вазъият дар арсаи байналмилалӣ, бахусус вазъи ҳарбиву сиёсӣ дар минтақаи амнияти дастаҷамъӣ, аз ҷумла дар Афғонистон ҷалби фаъолонаи воситаҳои сиёсиву дипломатӣ барои ҳалли қазияи афғонӣ, инчунин андешидани тадбирҳои саривақтӣ ҷиҳати мустаҳкам кардани иқтидори ҳифзи сарҳади байни Тоҷикистону Афғонистон тақозо мегардад.
Бо дарназардошти пандемияи бемории КОВИД-19, муҳимияти муттаҳид сохтани талошҳо баҳри татбиқи тадбирҳо оид ба таъмини бехатарӣ аз хавфи бемориҳои сироятӣ ва идомаи корҳо ҷиҳати таъмини амнияти тиббию биологӣ зикр гардид.
Дар ҷаласа роҳбарон ва ҳайатҳои парламентии давлатҳои узви СААД — Русия, Тоҷикистон, Беларус, Қирғизистон, давлатҳои мушоҳиди ин созмон — Афғонистон ва Сербия, инчунин роҳбарияти Котиботи СААД ширкат доштанд. Ҳайати парламентии Арманистон ва Қазоқистон дар ҷаласаи Шӯро ба таври маҷозӣ ширкат намуданд.
Тибқи рӯзнома, ҷаласаи Шӯрои АП СААД маҷмӯи масъалаҳои марбут ба фаъолияти созмонро мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор дода, аз рӯи онҳо қарорҳои дахлдор қабул намуд.