“Ман ҳамон Эмомалӣ Раҳмонам”. Президенти Тоҷикистон савганд ёд кард

Shared to Facebook

Имрӯз, 30 октябр, дар шаҳри Душанбе маросими савгандёдкунии Эмомалӣ Раҳмон ба унвони президенти тозаинтихоби Тоҷикистон баргузор гардид. Маросими ба иҷрои вазифа шурӯъ намудани Президенти кишвар дар толори оинабандии Қасри Миллат, бо супурдани шаҳодатномаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон Бахтиёр Худоёрзода оғоз ёфт.

“Ман ҳамчун Президент савганд ёд мекунам, ки Конститутсия ва қонунҳои ҷумҳуриро ҳимоя менамоям, таъмини ҳуқуқу озодиҳо ва шарафи шаҳрвандонро кафолат медиҳам. Ин истиқлолияти сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангии Тоҷикистонро ҳифз мекунам ва ба халқ содиқона хидмат менамоям”, — савганд ёд кард Эмомалӣ Раҳмон.

Сарвари давлат ҳамчунин дар поёни ин савгандаш аз мардуми Тоҷикистон изҳори ташаккур кард, ки ӯро ба мақоми Президенти Тоҷикистон бори дигар интихоб кардаанд:

“Бо камоли эҳтиром ва муҳаббату садоқати фарзандӣ ба тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон ва ҳамватанони бурунмарзиамон, ки рӯзи 11-уми октябри соли равон дар интихоботи президенти Тоҷикистон эътиқоду боварии бузург зоҳир намуда сарнавишти худ ва тақдири мамлакат вогузор карданд, сипоси бепоён ва миннатдории самимӣ баён менамоям”, — изҳор дошт Эмомалӣ Раҳмон.

Дар ҳамин ҷо президент аз дастовардҳои 7 соли гузашта ва нақшаҳои ҳукумат ба 7 соли оянда гуфт (матни пурраи суханронии Президент дар саҳ. 4-5).

Президент аз сафарҳои корӣ ба ноҳияҳои дурдаст ва минтақаҳои дури Тоҷикистон ёдрас шуд ва гуфт, ки маҳз дар ин сафарҳо шоҳиди муҳаббати содиқонаи хурду бузурги кишвар нисбаташ гардидааст. Ӯ гуфт, ки ҷавобан ба ин муҳаббат, ба чунин халқ бо тамоми вуҷудаш хизмат мекунад:

“Аз хурду бузурги Тоҷикистон самимият ва меҳрубонии зиёд дидам ва ба чунин халқ бо тамоми вуҷудам хизмат мекунам,  бо садоқат, бо тамоми ҳастиям”, — таъкид кард Президент ва афзуд, ки ҳангоми сафарҳояш борҳо шоҳид шудааст, ки пиру барно аз масофаҳои дур ба дидораш меомаданд ва соатҳо интизораш мешуданд:

“Пас, чӣ гуна ба ин  миллат, мардум фарзандон ва насли ҷавон хизмати содқона накунам?”, — суол гузошт Эмомалӣ Раҳмон.

Сарвари давлат аз Иҷлосияи таърихии 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёд овард ва гуфт, он ҷо низ савганд ёд карда буд ва то ҳол дар ҳамон савгандаш содиқ аст:

“Агар дар ёд дошта бошед дар Иҷлосияи таърихии 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон савганд ёд кардам будам, ки тамоми ҳастиямро ба ин сарзамин мебахшад. Ман ҳамон Эмомалӣ Раҳмонам, ҳамоне ки тамоми ҳастии худамро барои мардуми тоҷик бахшидаам”, — таъкид кард ӯ.

“Ман ватани маҳбубам ва халқи азизамро сидқан ва беш аз ҷони худ дӯст медорам, зеро ман бо нону намки халқам ба ин мартаба расидам ва ин нону намакро то вопасин нафаси ҳаётам пос медорам ва ба он хиёнат намекунам ва ба он хиёнат намекунам”, — изҳор дошт Эмомалӣ Раҳмон.

“Савганд ба номи Худо, ба нону намаки мардум, ба поси хотири ҷовидонаи фарзандони он ва ба ҷони  қариб 9,5 миллион мардуми кишвар, ки тамоми ҳастии худамро фидои ин сарзамин ва халқ мекунам. Тоҷикистон ба пеш!”, — хитоб кард ӯ.

Баъди анҷоми суханронӣ Эмомалӣ Раҳмон дар маросими гулгузорӣ ба пояи Муҷассамаи Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон ва савганди садоқат ёд намудани афроди Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар майдони Дӯстии пойтахт иштирок кард.

Ёдрас мекунем, ки интихоботи президентӣ дар Тоҷикистон 11 октябри соли равон баргузор гардида, номзад аз Иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон ва Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо 90,92{cb765e84dfa2e3280381e42f21070e52a7de0f8ed8cd7ca2a727636c96d9af82} овози интихобкунандагон аз нав ба мақоми Президенти Тоҷикистон интихоб гардид.