Маҷлиси намояндагон Қонун “Дар бораи авф”-ро баррасӣ мекунад

Shared to Facebook

Имрӯз, 6 сентябр, дар Душанбе иҷлосияи ғайринавбатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон баргузор мешавад. Дар назар аст, ки дар иҷлосия Қонун “Дар бораи авф” баррасӣ ва қабул кард шавад.

Қонуни мазкур рӯзи 30 август аз ҷониби Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони фиристода шуд.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи авф”, ки бахшида а 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон қабул мешавад, бино ба маълумоти расмӣ, нисбат ба 16 000 нафар татбиқ мегардад:

“Аз ин миқдор 10 700 нафар аз ҷавобгарии ҷиноятӣ ва адои боқимондаи ҷазо озод мегарданд. Аз ҷумла, 800 нафар гумонбаршавандагон ва айбдоршавандагон, 350 нафар судшавандагон, қариб 3000 нафар маҳкумшудагон аз муассисаҳои ислоҳӣ, 1900 нафар маҳкумшудагон аз колонияҳои ислоҳии сукунат ва 4650 нафар маҳкумшудагон аз нозироти корҳои ислоҳӣ озод карда мешаванд. Муҳлати ҷазои 5300 нафар маҳкумшудагон кам карда мешавад”, — шарҳ дод қаблан Хадамоти матбуотии Президенти Тоҷикистон.

Зимнан, қонун нисбат ба шахсоне, ки ҷиноятҳои махсусан вазнинро бо ҳолатҳои вазнинкунанда содир намудаанд, инчунин онҳое, ки қаблан дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи авф” аз 25 октябри соли 2019 аз ҷавобгарии ҷиноятӣ ё адои боқимондаи ҷазо озод шуда буданд ва боз ҷиноятӣ қасдона содир кардаанд, татбиқ намегардад.

Қонун баъд аз қабули он аз ҷониби Маҷлиси намояндагон ва имзои Президенти Тоҷикистон дар матбуот нашр гардида, ба иҷро медарояд.

Қонуни мазкур аз ҷониби мақомоти татбиқкунандаи он бояд дар муҳлати ду моҳ иҷро карда шавад.