Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин зимни мулоқот бо раиси Ассамблеяи парламентии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) Маргарета Седерфелт доираи васеи масъалаҳои ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби САҲА-ро баррасӣ кардааст.
Зимни ин мулоқот, ки рӯзи 29 октябр баргузор гардид, ҷонибҳо таҳкими ҳамкориҳои байнипарламентиро барои тавсеаи муносибатҳо муҳим хондаанд:
“Ғайр аз ин, мусоҳибон аҳаммияти муқовимати муштаракро алайҳи чолишҳои муосир, аз қабили таъсири ҳамагирии COVID-19 ба иқтисодиёт, тағйирёбии иқлим, амнияти сарҳадӣ, мубориза бо терроризму ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводди мухаддир ва аслиҳа таъкид намуданд. Масъалаҳои ҳуқуқи инсон, баробарии гендерӣ ва баланд бардоштани нақши занон дар ҳаёти сиёсиву иқтисодии ҷомеа низ муҳокима шуданд”, — хабар дод ВКХ Тоҷикистон.
Зимни вохӯрӣ таҳаввулоти ахир дар Афғонистон матраҳ гардида, Сироҷиддин Муҳриддин дар бораи вазъи нигаронкунанда дар марз бо ин кишвар маълумот дод.
Тарафайн барои истифодаи имкониятҳои фаровон ҷиҳати густариши ҳамкориҳо дар чорчӯби се ченаки САҲА изҳори омодагӣ намудаанд.