Тоҷикистон ва Чин бунёди пойгоҳро рад карданд

Shared to Facebook

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон маълумот дар бораи дар қаламрави ҷумҳурӣ бунёд гардидани пойгоҳи ҳарбии Чинро рад кард:

“Маълумот дар бораи он ки гӯё дар қаламрави Тоҷикистон пойгоҳи ҳарбии Чин бунёд мешавад, ба ҳақиқат мувофиқ нест ва масъалаи мазкур дар рӯзномаи муносибатҳои дуҷониба гузошта нашудааст”, — гуфт маркази матбуоти ВКД дар иттилоия, ки шоми 29 октябр нашр кард.

Дар изҳорот гуфта шудааст, “дар доираи Созишнома оид ба ҳамкорӣ миёни Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати амнияти ҷамъиятии Ҷумҳурии Мардумии Чин дар заминаи инфрасохтори мавҷудаи дастаи милитсияи зудамали Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили Вазорати корҳои дохилӣ дар ВМКБ гузаронидани машқҳои тактикии муштарак миёни мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин пешбинӣ шудааст”.

Аз ин рӯ, ҳамаи лавозимоти зарурӣ ва хароҷот дар вақти гузаронидани машқҳои муштарак аз ҷониби Ҷумҳурии Мардумии Чин пешниҳод ва пардохт карда мешаванд.

Аз ин қабл, рӯзи 29 октябр Вазорати корҳои хориҷии Чин низ хабарҳо дар бораи бунёди пойгоҳи ҳарбӣ дар қаламрави Тоҷикистонро рад кард.

Намояндаи Вазорати корҳои хориҷии Чин Ван Вэнбин зимни нишасти матбуотӣ дар посух ба саволи шарҳи хабарҳо дар бораи бунёди пойгоҳи ҳарбии Чин дар Тоҷикистон гуфт: “Бо итминон метавонам бигӯям, ки Чин дар Осиёи Марказӣ ягон пойгоҳи ҳарбӣ надорад”.

Тавре қаблан хабар додем, Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон рӯзи 27 октябр лоиҳаи созишнома дар бораи пешниҳоди кумаки бебозгашт ҷиҳати бунёди пойгоҳи махсус барои дастаи милитсияи зудамали Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД дар дараи Вахони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро тасдиқ кард. Тибқи ин созишнома, Чин барои сохтмони ин пойгоҳ тақрибан 100 миллион сомонӣ (55 миллион юани чинӣ) ҷудо мекунад.

“Тибқи ин созишнома, тамоми дастгоҳу таҷҳизоте, ки ҳангоми бунёди пойгоҳ аз Чин ба Тоҷикистон ворид карда мешаванд, аз андоз ва боҷи гумрукӣ озод мебошад”, — гуфт муовини аввали вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Абдураҳмон Аламшозода зимни муаррифии ин лоиҳа.