Раиси ноҳияи Мастчоҳ дар 41-солагӣ даргузашт

Shared to Facebook

Раиси ноҳияи Мастчоҳ Тоҳир Азиззода дар синни 41-солагӣ даргузашт. Сабаби фавти ӯ бемории дарозмуддат арзёбӣ мешавад.

Мақомоти ноҳия даргузашти Азиззодаро тасдиқ карда, барои пайвандони марҳум ҳамдардӣ изҳор намудаанд.

Азиззода Тоҳир Мирзораҳмат 17 апрели соли 1980 дар деҳаи Пастиғави ҷамоати деҳоти Иван-Тоҷики ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ таваллуд шудааст.

Соли 2009 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистонро дар шаҳри Хуҷандро дар бахши иқтисодӣ хатм кардааст.

Солҳои 1997-2002 дар вазифаи мудири шӯъбаи ҷавонони ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ кор кардааст.

Аз соли 2002 то 2012 роҳбари хоҷагии деҳқонии ба номи Мусо Исоев дар деҳаи Пастиғави ин ноҳияи буд.

Соли 2012 ӯ як ширкати сохтмонии ҶДММ “Пастиғав”-ро таъсис дод ва то соли 2016 раҳбари ин ширкат буд.

Соли 2016 бо фармони раиси ноҳия ӯро муовини аввали раиси ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ таъин карданд.

Вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ буд.

Тоҳир Азиззода 13 январи соли 2019 бо фармони Президенти Тоҷикистон раиси ноҳияи Мастчоҳ таъин шуд.

Маросими видоъ ва бахоксупории Тоҳир Азиззода имрӯз дар зодгоҳаш баргузор мегардад.