Масъулони гумрук аз афзоиши гардиши мол мегӯянд…

Shared to Facebook

Дар гузаргоҳи марзии “Қулма-Қаросу” дар вилояти Бадахшон, ки тавассути он молу колои Чин ба Тоҷикистон ворид мешавад, ҳудуди 260 мошини пурбори соҳибкорон дармондааст. Ин гузаргоҳи муҳим барои интиқоли молу маҳсулоти тоҷирон дар соли гузашта танҳо 6 моҳ фаъолият доштааст.

Дар ин бора рӯзи 18-уми феврал дар нишасти хабарӣ муовини сардори Хадамоти гумруки Тоҷикистон Азим Турсунзода изҳор дошт.

Ба гуфтаи ӯ, айни ҳол маълум нест, ки ин ва чанде аз гузаргоҳҳои дигари гумрукӣ кай ба ҳолати муқаррарии фаъолият бармегарданд.

Аввали моҳи январи имсол соҳибкорони тоҷик шикоят карданд, ки молу колои харидаашон моҳҳо боз дар Чин банд монда, тиҷораташон ба мушкил рӯ ба рӯ шудааст. Аввали ин ҳафта вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар ин робита изҳори умедворӣ намуд, ки ҷониби Чин гузаргоҳи “Қулма-Қаросу”-ро то охири моҳи феврал боз мекунад.

Дар соли гузашта гузаргоҳҳои майдони ҳавоии шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Бохтар, Кӯлоб, инчунин дидбонгоҳи гумрукии Сарамзм, Уротеппа, Навбунёд, Зафаробод, Пахтаобод, Ҳисор ҳам фаъолият накардаанд.

Ба гуфтаи масъулони Хадамоти гумрук, бо далели пешгирӣ аз бемории COVID-19 маҳдудият дар кори гузаргоҳҳо ба ҳаҷми воридоти маҳсулот ба Тоҷикистон таъсири манфӣ расонид. Дар маҷмӯъ, ҳаҷми воридоти мол ба Тоҷикистон дар соли 2020 ба 3,8 миллиард доллар расида, дар қиёс ба як соли пеш воридот 190,1 миллион доллар коҳиш ёфтааст. Содироти мол, ба гуфтаи масъулони хадамот, ба 1 миллиарду 311,3 миллион доллар расид, ки нисбат ба соли қабл 196 миллион доллар бештар аст.

Дар айни замон мақомоти гумруки Тоҷикистон аз афзоиши гардиши мол тавассути сарҳади гумрукии ҷумҳурӣ дар соли гузашта хабар медиҳанд. Бино ба маълумоти расмӣ, соли сипаригардида гардиши мол ба 4 миллиарду 450,8 миллион доллар баробар гардид, ки нисбат ба соли 2019 тақрибан 6 миллион доллар ё 1 фоиз зиёд мебошад.

Дар ҳамин ҳол, соли сипаригардида, дар маҷмӯъ, дар ҷумҳурӣ 1960 ҳолати ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукӣ ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба соли қаблӣ 1375 ҳолат кам аст. Кам шудани ҳолатҳои ошкоркунии қонуншиканиҳо ба паҳншавии бемории сироятии COVID-19, пурзӯр намудани назорат дар сарҳади давлатӣ, пурра манъ шудани рафту омади одамон тавассути сарҳади гумрукӣ, тадбирҳои андешидаи мақомоти гумрук ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар дар самти мубориза бо ҳуқуқвайронкунии гумрукӣ, ҷилавгирӣ аз воридоти қоҷоки мол ва ташкили корҳои фаҳмонадиҳию тарғиботӣ марбут будааст.

Аммо аз ҳама қонуншикании пурсарудои марбут ба мақомоти гумрук дар соли 2020 талоши гузарондани 90 килограмм тилло ва 15 миллион доллар аз Тоҷикистон ба хориҷи кишвар будааст. Дар робита ба ин ҳодиса се корманди Хадамоти гумруки Тоҷикистон дастгир шудаанд.

Интиқоли ин миқдор тилло ва маблағ моҳи ноябри соли гузашта дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе пешгирӣ шуда буд. Ба гуфтаи масъулони Хадамоти гумруки Тоҷикистон, он замон як гурӯҳ талош карданд, ки ин миқдор тилло ва пулро аз Афғонистон ба Тоҷикистон ва сипас ба шаҳри Дубайи Амороти Муттаҳидаи Араб расонанд. Ҳамакнун гуфта мешавад, се корманди Хадамоти гумрук, ки дар гузаргоҳи Панҷи Поён кор мекарданд, барои дуруст наомӯхтани ҳуҷҷатҳо ва хунукназарӣ айбдор мешаванд. Гуфта шуд, ҳамагӣ 7 шаҳрванди Тоҷикистон дар ин робита дастгир шуда, таҳқиқи ин парвандаро Прокуратураи генералӣ пеш мебарад. Ин афрод аз сӯи кормандони Прокуратураи генералӣ дастгир шудаанд. Прокурори генералии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон зимни гузориш ба Маҷлиси миллӣ гуфт, 15 ноябри соли 2020 шаҳрвандон Назаров С. Р. ва Сафаров Ф. Д. дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе дастгир гардида, аз онҳо 89 кг 350 гр тилло, 489 638 риёл ва 200 000 фунт-стерлинг, ки бо роҳи қочоқ ба шаҳри Дубайи Аморати Муттаҳидаи Араб интиқол дода мешуд, ёфта мусодира шуданд. Гуфта шуд, маблағи умумӣ зиёда аз 10 млн. долларро ташкил медиҳад.