“Баробарӣ, гуногунрангӣ ва фарогирӣ: об моро муттаҳид мекунад”. Рустами Эмомалӣ ташаббусҳои Тоҷикистонро оид ба ҳалли мушкилоти ҷаҳонӣ муаррифӣ кард

Shared to Facebook

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дар Конфронси байналмилалӣ таҳти мавзӯи “Баробарӣ, гуногунрангӣ ва фарогирӣ: об моро муттаҳид мекунад” аз мушкилиҳои соҳаи об дар ҷаҳон гуфта, аҳаммияти нақши ҷомеаи ҷаҳониро дар пешгирии ин раванд ва тақвият бахшидан ба татбиқи ҳадафҳои рушди устувори марбут ба захираҳои об, бахусус Ҳадафи шашуми рушди устувор таъкид кардааст.

Ин Конфронси байналмилалӣ 11 феврали имсол бо ташаббуси Академияи султонии илм ва эътимоди байналмилалӣ (RASIT) дар ҳамкорӣ бо якчанд кишварҳои узви СММ, аз ҷумла Тоҷикистон, баргузор гардид.

Рустами Эмомалӣ, ки дар ин чорабинӣ ҳайати Тоҷикистонро муаррифӣ мекард, ҳамчунин, оид ба нақши занону духтарон дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ва дар ҳаллу фасли мушкилиҳои ҷаҳонӣ сухан гуфта, аз тадбирҳои андешидаи Ҳукумати Тоҷикистон дар ин мавзӯъ хотиррасон шудааст.

Дар баробари ин, Раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон аз пешбарии масъалаи баробарии гендерӣ дар ҳошияи Раванди оби Душанбе гуфта, ба алоқамандии масъалаҳои об ва гендерӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир кардааст:

“Дар ин хусус ӯ оид ба баргузори Форуми махсус оид ба занон ва об дар доираи Конфронси дуввуми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор”, 2018-2028 (6-9 июни соли 2022, ш.Душанбе) иттилоъ дод. Мавсуф зикр кард, ки Форуми мазкур барои муҳокимаи васеътари масъалаҳои об аз нуқтаи назари гендерӣ ва пурзур намудани нақши занон дар пешбарии масъалаҳои об платформаи иловагиро ташкил хоҳад кард”, хабар медиҳад котиботи Маҷлиси миллӣ.

Рустами Эмомалӣ умедворӣ намудааст, ки натиҷаҳои чорабинии мазкур, Форуми занон ва оби Конфронси Душанбе барои тақвият бахшидани пешрафт дар самти ноилшавӣ ба баробарии гендерӣ дар бахши об, ҷалби занону духтарони соҳаи илм дар татбиқи Рӯзномаи 2030 ва Конфронси 2023 саҳми назаррас мегузорад.

Дар конфронс ҳамчунин Дабири кулли СММ Антониу Гутерриш, Президенти иҷлоси 76-уми МУ СММ Абдулло Шоҳид ва сарони якчанд давлату ҳукуматҳои кишварҳои узви СММ, аз ҷумла президентҳои кишварҳои Словения, Кипр, Португалия, Малта, Юнон, Эквадор, инчунин Хонуми аввали Лаҳистон, роҳбари ҳукумати Сан Марино, вазирони корҳои хориҷии Испания ва Бутан, вазирони соҳавии Кореяи ҷанубӣ ва Латвия иштирок ва суханронӣ кардаанд.