Президент аз сафирони навтаъин эътимоднома қабул карданд

Shared to Facebook

18 феврал дар Қасри миллат Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 6 сафири нави фавқулодда ва мухтори кишварҳои хориҷӣ эътимоднома қабул карданд.

Зимни маросими эътимодномасупорӣ ба Президенти Тоҷикистон сафирони фавқулодда ва мухтори Афғонистон — Муҳаммадзоҳир Ағбар, Фаронса — Мишел Тарран, Давлати Фаластин — Луай  Исса, Италия — Агостино Пинна, Маҷористон — Михай Матяш Галошфай ва Хорватия — Рефик Шабанович эътимодномаҳоро бо паёму дуруд аз роҳбарияти кишварҳои хеш тақдим карданд.

Сарвари давлат сафиронро ба муносибати оғоз гардидани фаъолияти дипломатияшон дар Тоҷикистон табрик намуда, иброз доштанд, ки сафирон бо талошу фаъолияти самарабахши худ ҷиҳати такони тоза бахшидан ба муносибатҳои шарикии кишварҳои мо дар арсаҳои гуногуни ҳамкорӣ саҳми арзанда хоҳанд гузошт.

Пешвои миллат таъкид доштанд, ки Тоҷикистон чун субъекти мустақил ва баробарҳуқуқи низоми навини робитаҳои байналмилалӣ имрӯз бо як саду ҳафтоду ҳашт кишвари ҷаҳон робитаҳои дипломатиро ба роҳ монда, муносибатҳояшро бо онҳо дар сиғаи дуҷониба ва чорчӯбаи созмонҳои бонуфузи байналмилаливу минтақавӣ  фаъолона пеш мебарад.

Президент ҳамчунин аз рушду таҳкими робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои гуногунҷанбаи судманди Тоҷикистон бо Афғонистон, Фаронса, Фаластин, Италия, Маҷористон ва Хорватия гуфтанд.

Ҳамчунин, оид ба вазъи имрӯзаи сайёра андешаронӣ карда, Сарвари давлат изҳор доштанд, ки дар пасманзари оқибатҳои манфии ҳамагирии КОВИД-19 ҷомеаи ҷаҳонӣ айни замон ба хатару таҳдидҳои бесобиқа дучор гаштааст. Таъкид гардид, ки дар чунин вазъияти ҳассос ҳамраъйиву дастгирии якдигар ва ҳамкории самараноки байналмилалӣ, омили калидии музаффарият дар мубориза бо чолишҳои имрӯза мебошад.