“Золотая Орда”: Бозгашти тамаддуни “Дашти Бузург” ба саҳнаи таърихи ҷаҳон

Shared to Facebook Shared to Max

Дар Остона симпозиуми байналмилалӣ бо иштироки зиёда аз 300 донишманд аз 23 кишвар на танҳо як давраи муҳими таърихиро баррасӣ кард, балки баҳси навро ба миён гузошт: “Золотая Орда” дар хотираи ҷаҳонӣ бояд ҳамчун империяи истилогар фаҳмида шавад, ё ҳамчун модели мураккаби тамаддуни бисёрфарҳангӣ? Изҳороти Президенти Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев, намояндагони ЮНЕСКО ва академияҳои илмии Осиёву Аврупо ин баҳсро ба сатҳи нави сиёсӣ ва илмӣ баровард.

Иштироки муаллифи ин сатрҳо дар бонуфузтарин ҳамоиши ҳафтаи сипаришуда дар Остона – Симпозиуми байналмилалии “Золотая Орда” ҳамчун модели тамаддуни даштӣ: таърих, бостоншиносӣ, фарҳанг, ҳувият”, бо мусоидати Сафорати Қазоқистон дар Тоҷикистон сурат гирифт. Дар ин чорабинӣ на танҳо ба ҳайси хабарнигори “ИмрӯзNews” иштирок доштам, балки аз ҷомеаи хабарнигории Тоҷикистон танҳо нафаре будам, ки имкони иштирок ва шиносоӣ бо ҷомеаи бузурги таҳқиқиву таърихнигориро пайдо намудам.

Ва ин танҳо иштирок дар як ҳамоиши бузурги байналмилалӣ набуд, ин, ҳамзамон, оғози аз нав шинохтани як тамаддун гардид.

Ба иттилоъи расмӣ, Симпозиуми байналмилалии “Золотая Орда ҳамчун модели тамаддуни даштӣ: таърих, бостоншиносӣ, фарҳанг, ҳувият”, ки рӯзҳои 19-20 май дар Қасри Истиқлолият баргузор гардид, зиёда аз 300 донишманду коршинос ва намояндагони муассисаҳои илмӣ аз 23 кишвар иштирок карданд. Ба ҳайати иштирокчиён муаррихон, бостоншиносон, шарқшиносон, туркшиносон, муғулшиносон, нумизматҳо, эпиграфистҳо, фарҳангшиносон, сиёсатшиносон, дипломатҳо ва намояндагони созмонҳои байналмилалӣ шомил буданд.

Симпозиум таҳти раёсати Президенти Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев баргузор гардид. Қаблан гузоришеро аз ҷараёни суханронии Президент нашр карда будем, ки онро метавон дар ин суроға мутолиа намуд.

Чорабинӣ бо дастгирии ЮНЕСКО доир шуда, дар он намояндагони баландпояи ин созмон, инчунин роҳбарони академияҳои илмии як қатор кишварҳо иштирок намуданд.

Ҳадафи асосии симпозиум баррасии мероси таърихии “Золотая Орда”, нақши он дар ташаккули тамаддуни АвруОсиё ва таҳкими ҳамкориҳои илмии байналмилалӣ гуфта шуд.

Президенти Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев суханронияш дар маросими ифтитоҳи ҳамоиш гуфт, “Золотая Орда” яке аз давлатҳои бузурги таърихи АвруОсиё буда, дар равандҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии қитъа нақши муҳим доштааст. Президент таъкид кард, ки таҳқиқи таърих бояд аз идеологизатсия ва тафсирҳои яктарафа дур бошад ва ба усулҳои илмӣ такя кунад. Токаев гуфт, “Золотая Орда” дар қаламрави беш аз 6 миллион километри мураббаъ фаъолият дошт ва дорои низоми мураккаби идоракунӣ, ҳуқуқ ва иқтисод буд.

Ӯ ҳамчунин ба сохтори шаҳрии ин давлат ишора кард. Ба гуфтаи ӯ, дар давраи “Золотая Орда” зиёда аз 100 шаҳр вуҷуд дошт. Бисёре аз онҳо деворҳои мустаҳками мудофиавӣ надоштанд, ки ин нишонаи сатҳи баланди амнияти дохилӣ, робитаҳои тиҷоратӣ ва ҳаракати озоди аҳолӣ арзёбӣ мешавад. Токаев “Золотая Орда”-ро ҳамчун фазои ташаккули равобити васеи иқтисодӣ тавсиф кард ва онро ба унвони як “бозори протоглобалӣ” шарҳ дод, ки дар он Шарқ ва Ғарб тавассути роҳҳои тиҷоратӣ ба ҳам пайваст мешуданд:

“Қудрати “Золотая Орда” ва нақши он ҳамчун империяе, ки Ғарб ва Шарқро мепайвандад, далелҳои таърихии бебаҳс мебошанд”, — гуфт Президент.

Намояндаи ЮНЕСКО Элунду Ассомо Лазар дар суханронии худ “Золотая Орда”-ро намунаи таърихии ҷомеаи гуногунфарҳангӣ номид. Ӯ гуфт, дар ин давра фазои сиёсӣ ва иҷтимоие ба вуҷуд омада буд, ки дар он динҳо, забонҳо, анъанаҳои фарҳангӣ ва технологияҳои гуногун дар як муҳити ягона ҳамзистӣ мекарданд.

Ба гуфтаи ӯ, ин таҷриба бо вазифаҳои ЮНЕСКО дар самти рушди муколамаи байнифарҳангӣ ва ҳифзи мероси умумибашарӣ мувофиқат мекунад.

Вай ҳамчунин ба барномаи ЮНЕСКО оид ба Роҳи Абрешим ишора намуда, гуфт, ки қаламрави Осиёи Марказӣ дар ин шабакаи таърихӣ нақши калидӣ дошт.

Президенти Академияи илмҳои Узбекистон Шавкат Аюбов, ки аз ҷумлаи иштирокдорони ин ҳамоиш буд, дар суханронияш “Золотая Орда”-ро ҷузъи таърихи умумии халқҳои АвруОсиё номид. Вай гуфт, ин давлат на танҳо як сохтори сиёсӣ, балки фазои ҳамгироии ду модели тамаддун — кӯчманчӣ ва шаҳрӣ буд. Ба гуфтаи ӯ, дар ин давра робитаҳои зич байни марказҳои шаҳрии Мовароуннаҳр, Хоразм, Даштҳои Қипчоқ ва дигар минтақаҳо ба вуҷуд омада буданд.

“Таҳқиқи ин давра бояд бо истифода аз усулҳои муосири илмӣ, аз ҷумла археология, антропология, палеогенетика ва таҳлили рақамии манбаъҳо анҷом дода шавад”, — изҳор дошт номбурда.

Вазири фарҳанги Тотористон Ирода Аюбова дар суханронияш гуфт, системаи идоракунии “Золотая Орда” бар асоси принсипҳои таҳаммулпазирӣ ва эҳтиром ба гуногунӣ сохта шуда буд. Ба таъкиди вай, ҳатто баъд аз қабули ислом ҳамчун дини давлатӣ дар асри XIV, сиёсати эҳтиром ба дигар динҳо идома ёфт. Ба гуфтаи ӯ, далели равшан ин аст, ки дар соли 1261 дар пойтахти “Золотая Орда” епархияи православӣ таъсис дода шудааст.

Вай ҳамзамон ба таҷрибаи муосири Тотористон дар ҳифзи мероси таърихӣ ва рушди муколамаи байнидинӣ ишора кард.

Дар Симпозиум ҳамчунин намояндагони Академияи илмҳои Тоҷикистон, Муғулистон, Қирғизистон, Русия, Иёлоти Муттаҳида, Олмон, Фаронса ва як қатор кишварҳои дигар иштирок карданд. Дар баромадҳои онҳо як нуқтаи умумӣ таъкид мешуд: зарурати баррасии “Золотая Орда” ҳамчун мероси муштараки таърихии АвруОсиё ва даст кашидан аз тафсирҳои якҷониба ва идеологӣ.

Дар доираи Симпозиум як қатор масъалаҳои амалӣ баррасӣ гардиданд. Аз ҷумла, пешниҳодҳо оид ба ташкили экспедитсияҳои муштараки бостоншиносӣ дар ҳудуди кишварҳои гуногун, таҳияи лоиҳаҳои байналмилалии таҳқиқотӣ, густариши мубодилаи олимон, таъсиси барномаҳои академии муштарак ва рушди марказҳои тадқиқотии минтақавӣ садо доданд. Ҳамчунин, зарурати тақвияти ҳамкории донишгоҳҳо, институтҳои илмӣ ва марказҳои мероси фарҳангӣ таъкид гардид.

Қисми муҳими муҳокимаҳо ба масъалаи ҳифзи мероси моддӣ ва ғайримоддии “Золотая Орда” бахшида шуд. Иштирокчиён таъкид карданд, ки бояд ёдгориҳои археологӣ, шаҳрҳои таърихӣ, гӯристонҳо, объектҳои меъморӣ ва дигар нишонаҳои моддии ин давра ҳифз карда шаванд. Дар баробари ин, ба ҳифзи мероси ғайримоддӣ, аз ҷумла анъанаҳои шифоҳӣ, эпосҳо, мусиқии халқӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва фолклор низ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардад.

Дар Симпозиум масъалаи густариши ҳамкориҳои ЮНЕСКО бо муассисаҳои илмии минтақа низ баррасӣ шуд. Намояндагони Созмон таъкид карданд, ки мероси “Золотая Орда” ба доираи мероси муштараки умумибашарӣ дохил мешавад ва омӯзиши он бояд дар сатҳи байналмилалӣ идома ёбад.

Дар Қатъномае, ки дар анҷоми симпозиум қабул гардид ба дастгирии талошҳои Қазоқистон дар рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ дар омӯзиши “Золотая Орда”, зарурати тақвияти таҳқиқоти муштарак, ҳифзи мероси таърихӣ ва густариши барномаҳои академии байналмилалӣ таъкид гардид. Ҳамчунин, нақши ЮНЕСКО дар ин раванд муҳим арзёбӣ гардида, зарурати идомаи ҳамкориҳои институтсионалӣ байни кишварҳо зикр шуд.

Дар маҷмӯъ, симпозиум ҳамчун як платформаи байналмилалии илмӣ арзёбӣ гардид, ки дар он масъалаи “Золотая Орда” на танҳо аз нуқтаи назари таърихӣ, балки ҳамчун як мавзӯи ҳамкории муосири илмӣ ва фарҳангӣ баррасӣ шуд. Иштирокчиён ба хулоса омаданд, ки омӯзиши ин давра бояд дар асоси усулҳои муосири илмӣ, ҳамкории байналмилалӣ ва равиши фарогири байнисоҳавӣ идома ёбад.

Зимнан, қисми муҳими ташкил ва баргузории тамоми чорабиниҳои вобаста ба симпозиуми байналмилалӣ дар шаҳри Остона дар пойгоҳи илмии Донишгоҳи Назарбоев (Назарбаев Университет) сурат гирифт. Ин муассиса, ки дар худи пойтахти Қазоқистон ҷойгир аст, аз ҷониби ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ ҳамчун яке аз донишгоҳҳои пешсафи минтақа муаррифӣ мешавад ва дар рейтингҳои байналмилалӣ дар садри беҳтарин донишгоҳҳои Осиёи Марказӣ ва Қафқоз ҷой гирифтааст.

Интихоби ин донишгоҳ ҳамчун майдони асосии баргузории як қатор ҷаласаҳои илмӣ, нишастҳо ва барномаҳои ҳамроҳи симпозиумро ташкилкунандагон ҳамчун нишондиҳандаи сатҳи баланди таваҷҷуҳ ба мавзӯи “Золотая Орда” арзёбӣ карданд. Ба гуфтаи иштирокчиён, худи имконияти дар чунин маркази илмӣ баргузор шудани чорабинӣ нишон медиҳад, ки мавзӯи “Золотая Орда” на танҳо дар сатҳи давлатӣ, балки дар сатҳи муассисаҳои илмии дорои мақоми минтақаӣ ва байналмилалӣ низ мавриди таваҷҷуҳи ҷиддӣ қарор дорад.

Ба ин маънӣ, истифодаи Назарбаев Университет ҳамчун яке аз майдонҳои асосии илмии симпозиумро метавон ҳамчун унсури иловагии тасдиқкунандаи аҳамияти афзояндаи мавзӯи “Золотая Орда” дар фазои академии муосир арзёбӣ кард.

Симпозиуми байналмилалии “Золотая Орда” ҳамчун модели тамаддуни даштӣ: таърих, бостоншиносӣ, фарҳанг, ҳувият” нишон дод, ки ҷомеаи илмии ҷаҳон тадриҷан аз қолабҳои куҳнаи арзёбии ин давраи таърихӣ дур мешавад.

Имрӯз “Золотая Орда” бештар ҳамчун фазои густурдаи ҳамзистии халқҳо, муколамаи фарҳангҳо, рушди савдо, шаклгирии институтҳои давлатӣ ва табодули донишҳо арзёбӣ мегардад.

Ҳамзамон, қабули Қатъномаи Остона, иштироки олимони зиёда аз бист кишвари ҷаҳон ва пуштибонии ЮНЕСКО нишон медиҳад, ки омӯзиши мероси “Дашти Бузург” дигар танҳо масъалаи муҳаққиқон нест. Он ба бахше аз рӯзномаи байналмилалии ҳамкориҳои гуманитарӣ ва илмӣ табдил ёфтааст.

Аз ин нигоҳ, симпозиуми Остона на танҳо натиҷаи як ҳамоиши илмӣ, балки оғози марҳилаи нави ҳамгироии пажуҳишҳои таърихии АвруОсиё ва талоши муштарак барои дарки амиқтари мероси умумии минтақа мебошад.

Муним ОЛАМОВ

Душанбе – Остона – Душанбе