42 сол ҳабси фармондеҳи собиқи “Толибон” дар ИМА

Shared to Facebook Shared to Max

Суди федералии ноҳияи ҷанубии Ню-Йорк собиқ фармондеҳи ҳаракати радикалии “Толибон” Ҳоҷӣ Наҷибуллои 50-соларо бо иттиҳоми куштори низомиён ва рабудани рӯзноманигор ба 42 соли зиндон ва панҷ соли назорати махсус пас аз озодшавӣ маҳкум кардааст. Дар ин бора Вазорати адлияи Амрико хабар дод.

Ба иттилоъи манбаъ, Наҷибулло, ки бо номҳои Абу Тайиб, Атиқулло, Наҷибулло Наим ва Нисор Аҳмад Муҳаммад низ шинохта мешавад, моҳи апрели соли 2025 ба гуноҳи гаравгонгирӣ ва дастгирии амалҳои террористие, ки боиси марги одамон шудаанд, иқрор шуда буд.

Тибқи маълумоти мақомоти ИМА, солҳои 2007-2009 Наҷибулло фармондеҳи яке аз гурӯҳҳои мусаллаҳи “Толибон” дар вилояти Вардаки Афғонистон буд. Дар ин муддат ҷангҷӯёни таҳти фармони ӯ алайҳи неруҳои Амрико, НАТО ва ҳампаймонони афғонистонии онҳо ҳамлаҳои зиёд анҷом додаанд.

Дар ин амалиётҳо аз ҳамлагарони интиҳорӣ, силоҳҳои худкор, маводи таркандаи худсохт (СВУ), мушакҳои зиддитанкӣ ва дигар навъи силоҳ истифода шудааст.

Ба гуфтаи тафтишот, Наҷибулло борҳо аз омодагии ҷангҷӯёнаш барои анҷоми ҳамлаҳои интиҳорӣ ифтихор мекард ва гуфта буд, ки онҳо “омодаанд ҷон диҳанд” ва дар сурати дастур “камарбанди интиҳориро баста, худро тарконанд”.

Яке аз муҳимтарин иттиҳомҳо ба ҳамлаи 26 июни соли 2008 марбут аст. Он рӯз ҷангҷӯёни таҳти фармони Наҷибулло дар вилояти Вардак ба як корвони низомии Амрико камин гузоштанд.

Дар натиҷаи ҳамла, ки бо истифода аз маводи таркандаи худсохт, силоҳи худкор ва норинҷакандозҳои РПГ анҷом шуд, се низомии Артиши ИМА – сержантҳои дараҷаи якум Мэттю Л. Ҳилтон ва Ҷозеф А. Маккей, инчунин сержант Марк Палматир ҳамроҳ бо тарҷумонашон кушта шуданд.

Дар пайи ин ҳамла чанд низомии дигар ҷароҳат бардоштаанд.

Мақомот мегӯянд, баъдтар худи Наҷибулло масъулияти ҳамларо ба дӯш гирифта, ба чанд нафар гуфтааст, ки маҳз ҷангҷӯёни ӯ ин ҳамларо анҷом додаанд.

Моҳи ноябри соли 2008 Наҷибулло ва ҳамроҳонаш рӯзноманигори амрикоӣ Дэвид Роде, хабарнигори нашрияи New York Times ва барандаи Ҷоизаи Пулитсерро ҳамроҳ бо ду шаҳрванди Афғонистон – Тоҳир Луддин ва ронанда Асад Мангал рабуданд.

Онҳо барои анҷоми мусоҳиба бо фармондеҳи толибон аз Кобул берун рафта буданд, аммо дар роҳ аз ҷониби гурӯҳи мусаллаҳ дастгир шуданд.

Гаравгонҳо тақрибан ҳафт моҳ дар минтақаҳои қабилавии таҳти назорати толибон дар Покистон нигоҳ дошта мешуданд ва пайваста зери назорати муҳофизони мусаллаҳ қарор доштанд.

Рабояндагон онҳоро маҷбур мекарданд, ки барои хешовандон ва ҳамкоронашон наворҳои видеоӣ сабт кунанд ва аз онҳо талаб намоянд, ки барои озодиашон маблағи калон пардохт намоянд ва онҳоро аз дасти толибон раҳо кунанд.

Дар яке аз наворҳо, ки автомат ба сари Роде равона шуда буд, ӯ бо ашк аз дигарон хоҳиш мекард, ки ҷони ӯро наҷот диҳанд.

Ба хотири амнияти гаравгонҳо, расонаҳо чанд моҳ дар бораи ин ҳодиса хабар надоданд.

Пас аз ҳафт моҳи асорат Дэвид Роде ва Тоҳир Луддин тавонистанд фирор кунанд ва худро ба як пойгоҳи низомии Покистон расонанд. Баъдан онҳо ба назди наздиконашон баргаштанд.

Ронанда Асад Мангал низ тақрибан як моҳ баъд аз асорат раҳо шуд.

Соли 2010 Роде китоби “Ресмон ва дуо: достони як рабудан аз ду ҷониб”-ро нашр кард, ки дар он саргузашти гаравгонӣ ва фирорашро нақл кардааст.

Гарчанде мақомоти Амрико ҳанӯз соли 2014 алайҳи Наҷибулло айбнома содир карда буданд, ӯ танҳо моҳи октябри соли 2020 дар Украина дастгир шуд. Ҷузъиёти ҳузури ӯ дар он кишвар ва шароити дастгирияш то ҳол расман ошкор нашудаанд.

Дар мурофиаи судӣ рӯзи 9 июни соли 2026 Наҷибулло аз Дэвид Роде ва аҳли оилаи ӯ узр пурсида гуфт:

“Он чизе ки бо ӯ рӯй дод, даҳшатнок буд ва ман аз нақши худ дар ин ҳодиса амиқан пушаймонам”.

Ба далели иқрори гуноҳ, ӯ аз ҳукми ҳабси абад раҳо ёфт. Бо вуҷуди ин, суд ӯро ба 42 соли зиндон маҳкум кард.

Мақомоти ИМА ин ҳукмро “адолати деринтизор барои қурбониён ва хонаводаҳои онҳо” номида, таъкид кардаанд, ки афроди дастдошта дар терроризм, новобаста аз макони будубошашон, дер ё зуд ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.