Имрӯз, 27 сентябр, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ ҳамчунин бо лоиҳаи сохтмони Маркази агрологистикӣ шинос шуданд.
Ба иттилоъи хадамоти матбуоти Сарвари давлат, Маркази агрологистикӣ дар ҳудуди минтақаи саноатии шаҳри Хоруғ дар масоҳати 2 гектар бунёд гардида, барои қабул, нигоҳдорӣ, коркард ва омодасозии маҳсулоти кишоварзӣ пешбинӣ шудааст. Иқтидори марказ имкон медиҳад, ки дар як вақт то 600 тонна маҳсулоти кишоварзӣ қабул ва коркард шавад.
Тибқи лоиҳа, дар марказ 3 хатти муосири технологӣ насб гардида, маҳсулоти кишоварзӣ аз марҳилаҳои ҷудокунии навъҳо, тозакунӣ, санҷиши сифат, тамғагузорӣ ва бастабандӣ гузашта, мутобиқ ба талаботи бозори дохилӣ ва стандартҳои байналмилалӣ омода карда мешавад. Дар натиҷа 64 ҷойи кори доимӣ ва мавсимӣ таъсис хоҳад ёфт.
Дар Маркази агрологистикӣ меваю сабзавоти дар шароити кӯҳистони Бадахшон истеҳсолшаванда коркард ва бастабандӣ мегарданд.
Яке аз ҳадафҳои асосии бунёди чунин марказ пешгирӣ аз талафёбии маҳсулоти кишоварзӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои нигоҳдории дарозмуддати он мебошад. Бо истифода аз имкониятҳои муосири нигоҳдорӣ ва коркард маҳсулоти кишоварзӣ бо сифати баланд ба бозор пешниҳод гардида, барои афзоиши даромади кишоварзон ва тақвияти рақобатпазирии маҳсулоти ватанӣ замина фароҳам меояд.
Президент зимни муаррифии лоиҳа масъулини Вазорати кишоварзии Тоҷикистон, олимон ва мутахассисони соҳаро вазифадор намудаанд, ки корҳои сохтмонӣ ва насби таҷҳизоти технологиро бо сифати баланд ба роҳ монда, ҳангоми бунёди иншоот таҷрибаи пешрафтаи технологиро ба таври васеъ истифода баранд.
Ҳамчунин, ба масъулин дастур дода шудааст, ки барои нигоҳдорӣ, коркард ва омода намудани маҳсулоти кишоварзӣ шароити зарурӣ фароҳам оварда, ба сифати маҳсулот ва мутобиқати он ба талаботи бозорҳои байналмилалӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намоянд.
Гуфта мешавад, бунёди Маркази агрологистикӣ дар шаҳри Хоруғ дар доираи татбиқи лоиҳаи “Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ” амалӣ мегардад. Дар доираи ин лоиҳа таъсиси 5 маркази агрологистикӣ дар шаҳрҳои Душанбе, Хоруғ, Хуҷанд ва ноҳияҳои Данғараю Ҷалолиддини Балхӣ ба нақша гирифта шудааст.





