Вазорати молия: Дар ним сол нақшаи даромади буҷет қариб 15% зиёд иҷро шуд

Shared to Facebook

Дар шаш моҳи аввали соли 2026 ба Буҷети давлатии Тоҷикистон аз ҳамаи сарчашмаҳо 36,4 миллиард сомонӣ ворид гардида, нақшаи қисми даромад 114,3 дарсад иҷро шудааст. Дар ин бора вазири молияи Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода дар нишасти матбуотӣ хабар дод.

Ба гуфтаи ӯ, қисми асосии даромади буҷет аз ҳисоби андоз ва пардохтҳои гумрукӣ таъмин шудааст.

Тибқи маълумоти Вазорати молия, Кумитаи андоз дар ин давра ба буҷет 17,4 миллиард сомонӣ ворид карда, нақшаи пешбинишударо 123,3 дарсад иҷро намудааст. Аз ҳисоби фаъолияти Хадамоти гумрук бошад, 7,8 миллиард сомонӣ ба буҷет ворид шуда, нақшаи пардохтҳои гумрукӣ 107,6 дарсад иҷро гардидааст.

Даромади буҷети ҷумҳуриявӣ дар нимсолаи аввал 19,1 миллиард сомониро ташкил дода, нақшаи он 116,8 дарсад иҷро шудааст. Ба буҷетҳои маҳаллӣ бошад, 8,3 миллиард сомонӣ ворид гардидааст, ки ба 115,2 дарсади нақша баробар мебошад.

Ҳамзамон, дар доираи татбиқи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ дар шаш моҳи соли ҷорӣ 5,5 миллиард сомонӣ азхуд шудааст. Аз ин маблағ, 4 миллиард сомонӣ грантҳо ва 1,5 миллиард сомонӣ маблағҳои қарзиро ташкил медиҳанд.

Ба иттилои вазир, аз маблағҳои азхудшуда 624 миллион сомонӣ ба соҳаҳои иҷтимоӣ, 4,8 миллиард сомонӣ ба бахшҳои воқеии иқтисодиёт ва 72 миллион сомонӣ ба дигар соҳаҳо равона гардидааст.

Илова бар ин, ташкилотҳои буҷетӣ аз ҳисоби хизматрасониҳои пулакӣ 1,9 миллиард сомонӣ даромад ба даст овардаанд. Ин маблағҳо ба суратҳисобҳои махсуси онҳо ворид шудаанд.

Ба гуфтаи Вазорати молия, иҷрои нақшаи даромади буҷет дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ дар пасманзари тамоюли мусбати рушди иқтисоди миллӣ таъмин шудааст.