Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 14 июл дар Қасри миллат дар ҳошияи ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии давлатҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай, роҳбарони ҳайатҳо — вазирони корҳои хориҷии давлатҳои узви Созмонро ба ҳузур пазируфтанд.
Дар ҷараёни мулоқот вазъи феълии ҳамкории давлатҳои узви Созмон ва масъалаҳои омодагӣ ба ҷаласаи ҷашнии Шӯрои сарони давлатҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай дар шаҳри Душанбе мавриди баррасӣ қарор дода шудааст.
Президент ҳамаи иштирокчиёни ҷаласаро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, ба кори онҳо баҳри ноил гардидан ба ҳадафҳои дар пешгузоштаи Созмон барору комёбӣ орзу кардаанд.
Президенти Тоҷикистон яке аз муассисони Созмони ҳамкории Шанхай мебошанд ва дар солгарди 20-уми таъсиси созмон Тоҷикистон раисиро дар ин ташкилоти бонуфуз бар уҳда доранд:
“Тоҷикистон раисиро дар Созмони ҳамкории Шанхай мутобиқи принсипҳои пештар изҳоршудаи муттасилӣ, баробарӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва эҳтироми мавқеи ҳар як давлати узв иҷро мекунад. Вазифаи асосии раисии Тоҷикистон аз он иборат аст, ки дар якҷоягӣ бо дигар давлатҳои узв ва мақомоти доимӣ рушди минбаъдаи пешрафти Созмон таъмин карда шавад”,-таъкид намудаанд Сарвари давлат дар ин мулоқот.
Зикр гардидааст, ки дар давраи 20 соли фаъолияти худ Созмони ҳамкории Шанхай ҳамчун ташкилоти минтақавӣ роҳи ташаккули худро бомуваффақият тай намуда, дар байни сохторҳои байналмилалӣ ҷойгоҳи сазоворро ишғол намуд. Дар ин муддат Созмон тамоми масъалаҳои рӯзномаи байналмилаливу минтақавиро — аз сиёсат то амният, иқтисодиёт ва ҳамкории гуманитарӣ фаро гирифт.
Самти муҳимтарини фаъолияти Созмони ҳамкории Шанхай таъмини амният мебошад ва зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳо оид ба муборизаи дастҷамъона бар зидди терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии силоҳ ва маводи мухаддирро муҳокима кардаанд.
Зимни баррасии масъалаҳои амниятӣ дар минтақа ва дар Афғонистон таъкид гардидааст, ки Тоҷикистон бо дарназардошти шиддат ёфтани вазъ дар Афғонистон, бо истифодаи ҳамаи сатҳҳои бисёрҷониба ҷиҳати баррасии мушкилоти ин кишвари ҳамсоя тадбирҳои таъхирнопазир андешида истодааст.
Барои расидан ба ҳадафҳо ва таъмини рушди Созмон пешниҳод гардид, ки кишварҳои узв ва мақомоти доимии Созмони Ҳамкории Шанхай бояд баҳри татбиқи амалии барномаҳои қабулшуда, аз қабили “Стратегияи рушд то соли 2025” ҳамкориро пайваста идома диҳанд.
Дар мулоқоти имрӯза Вазири корҳои хориҷии Ӯзбекистон Абдулазиз Комилов, Вазири корҳои хориҷии Чин Ван И, Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров ва Вазири корҳои хориҷии Ҳиндустон Субраманям Ҷайшанкар суханронӣ кардаанд.
Баромадкунандагон ба сатҳи баланди ташкили корҳои ҷониби Тоҷикистон дар давраи раёсат дар Созмони ҳамкории Шанхай баҳои арзанда дода, ба ҷаласаи ҷашнии Созмони ҳамкории Шанхай дар шаҳри Душанбе комёбиҳо орзу карданд.