Рӯзи 1 июл дар Тоҷикистон имтиҳоноти дохилшавӣ ба донишгоҳу донишкадаҳои ҷумҳурӣ тариқи Маркази миллии тестӣ оғоз гардид.
Дафтари матбуотии Марказ хабар дод, ки имтиҳоноти аввалин барои довталабоне, ки дар марҳалаи асосии бақайдгирӣ (аз 2-юми март то 30-юми апрел) номнавис шуда, гурӯҳи ихтисосҳои 1-ум (табиӣ ва техникӣ)-ро интихоб кардаанд, имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумӣ – қисми А оғоз гардид:
“Имрӯз дар ин имтиҳон иштироки 16601 нафар довталаби дар марҳалаи асосии бақайдгирӣ номнависшудаи гурӯҳи ихтисосҳои 1-умро интихобкарда дар назар аст”, — омадааст дар иттилоияи ММТ.
Дар маҷмӯъ, бино ба маълумоти манбаъ, имсол шумораи умумии довталабони дорои таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфи 11-ум), ибтидоӣ ва миёнаи касбии дар марҳалаи асосии бақайдгирӣ номнависшуда 98840 нафарро ташкил дод.
Гуфта мешавад, имтиҳонҳо аз 1-ум то 7 уми июл дар 48 маркази имтиҳоние, ки тибқи рӯйхати тасдиқкардаи Вазорати маориф ва илм дар заминаи муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумии 18 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ (Исмоили Сомонӣ, Сино, Фирдавсӣ, Шоҳмансур, Рашт, Хуҷанд, Истаравшан, Конибодом, Панҷакент, Бобоҷон Fафуров, Бохтар, Кӯлоб, Восеъ, Данғара, Кӯшониён, Ҷалолиддини Балхӣ, Шаҳритус ва Хоруғ) ташкил карда шудаанд, баргузор мегарданд.
“Барои ташкил, баргузорӣ ва идораи имтиҳонҳо, ба ғайр аз кормандони асосии Марказ, беш аз 2350 нафар корманди муваққатии дар асоси озмун интихобгардида, ки бо онҳо шартномаи меҳнатӣ баста шудааст, ҷалб карда шудаанд. Барои назорат ва ёрии амалӣ расонидан дар омода кардани марказҳои имтиҳонӣ, назорати раванди имтиҳон дар марказҳои имтиҳонӣ ва мониторинги он, инчунин барои қабули қарори дахлдор дар сурати рух додани мушкилот 120 нафар ҳамчун намояндаи ваколатдори Марказ ба марказҳои имтиҳонӣ равона карда шудаанд”, — мегӯяд манбаъ.
Ҳамчунин, мувофиқи тартиби муқарраркардаи Ҳукумати ҷумҳурӣ, барои таъмини шаффофият ва назорати раванди имтиҳонҳо дар ҳар маркази имтиҳонӣ комиссияи ҷамъиятӣ дар ҳайати 144 нафар фаъолият мекунад.
Масъулин мегӯянд, бо мақсади дар сатҳи зарурӣ баргузор кардани имтиҳонҳо дар шароити паҳншавии бемории COVID-19 як қатор тадбирҳои иловагиро ба нақша гирифтаанд:
“Аз ҷумла, ҳар як маркази имтиҳонӣ бо мавод ва воситаҳои зарурӣ тибқи талаботи санитарию гигиенӣ ва эпидемиологӣ таъмин карда шуд. Дар ҳар як маркази имтиҳонӣ иловатан як корманди техникӣ барои анҷом додани корҳои безараргардонӣ (дезинфексия) ҷалб гардид. Корҳои тамйизгардонӣ (зиддиуфунӣ, дезинфексия) як рӯз пеш аз оғози имтиҳонҳо шурӯъ гардида, дар ин рӯз поксозии ҳамаи синфхонаҳои имтиҳонӣ ва ҳуҷраҳои дигар ба куллӣ анҷом дода шуд. Корҳои тамйизгардонӣ (зиддиуфунӣ, дезинфексия) ба таври ҳатмӣ ҳамарӯза пас аз баргузории имтиҳон низ роҳандозӣ мешаванд”.
Ҳамчунин эълом шудааст, ки кормандони муваққатию доимӣ ва шахсони дигари дар марказҳои имтиҳонӣ ба кор ҷалбгардида, ки бевосита бо довталабон кор мекунанд, бояд ниқоби тиббӣ ва дастпӯшакҳои резинии тиббӣ пӯшанд:
“Барои кормандони дигар танҳо пӯшидани ниқоб ҳатмист. Дар ҳар як маркази имтиҳонӣ бунгоҳи тиббӣ ташкил гардида, бо кормандони тиб ва маводди зарурӣ барои ёрии аввалини тиббӣ таъмин карда шудааст. Пеш аз воридшавии довталабону шахсони дигар ба маркази имтиҳонӣ ҳарорати бадани ҳар яки онҳо санҷида мешавад. Барои санҷидани ҳарорат аз дастгоҳи ҳароратсанҷи фосилавӣ (ғайритамосӣ) истифода карда мешавад”.
Ҳамчунин, дар даъватномаи довталабон таъкид шудааст, ки ба имтиҳонсупорӣ бо ниқоб ҳозир шаванд.
Дар назар аст, ки натиҷаҳои имтиҳонҳо рӯзи 19-уми июл эълон карда шавад.