Оғози фаъолияти 12 сафири нав дар Тоҷикистон: ба Президент эътимоднома супориданд

Shared to Facebook

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз 12 сафири нави фавқулода ва мухтори кишварҳои хориҷӣ эътимоднома қабул карданд. Маросими супоридани эътимодномаҳо 2 март дар Қасри миллат баргузор шуд.

Зимни маросими эътимодномасупорӣ ба Президенти Тоҷикистон сафирони фавқулода ва мухтори Ҷопон Айки Тошиҳиро, Кореяи ҷанубӣ Квон Донг Сок, Миср Назиҳ Алӣ Баҳа Ад-Дин Ал-Нагарӣ, Амороти Муттаҳидаи Араб Муҳаммад Саид Муҳаммад Ал-Ариқӣ, Уммон Иброҳим ибн Аҳмад Ал-Муинӣ, Исроил хонум Зеавит Бен Хиллел, Белгия Анрӣ Вантигем, Австрия Вилли Кемпел, Норвегия Ҷон Микал Квистад, Руминия хонум Мэдэлина Лупу, Ордени Мухтори Малта Иван Лалан Бердутик ва Канада Алан Хемсен эътимодномаҳоро бо паёму дуруд аз роҳбарияти кишварҳои хеш тақдим карданд.

Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ ҳамаи сафиронро ба муносибати оғоз гардидани фаъолияти дипломатияшон дар ин маснади пуршарафу ҳамзамон сермасъул дар Тоҷикистон самимона табрику таҳният гуфта, бо итминон иброз доштанд, ки сафирон бо талошу фаъолияти самарабахши худ ҷиҳати такони тоза бахшидан ба муносибатҳои шарикии кишварҳои мо дар арсаҳои гуногуни ҳамкорӣ саҳми арзанда хоҳанд гузошт, хабар дод Хадамоти матбуоти Сарвари давлат.

“Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки Давлати Тоҷикистон тайи 30 соли соҳибистиқлолии худ пайваста кӯшиш ба харҷ додааст, ки бо тамоми кишварҳои дуру наздик равобити фаъолу созандаро ба роҳ монда, сафи шарикону дӯстонашро дар арсаи байналмилалӣ бештар густурда гардонад. То имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон бо 180 давлати минтақаҳои гуногуни олам робитаҳои дипломатияшро барпо намуда, дар ростои рушди бемайлони муносибатҳои худ бо ин кишварҳо пайгирона чораҳои зарурӣ меандешад”, — омадааст дар гузориш.

Дар ин замина Президент таъкид намуданд, ки мо бо доираи васеи ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамкориҳои судманду баробарҳуқуқро дар самтҳои мухталифи соҳаҳои сиёсиву амниятӣ, иқтисодиву тиҷоратӣ ва фарҳангиву гуманитарии мавриди таваҷҷуҳ роҳандозӣ намуда, густариш медиҳем.

Ба гуфтаи Эмомалӣ Раҳмон, аксари кулли кишварҳое, ки муаррифии онҳо имрӯз ба ӯҳдаи сафирони навтаъин вогузор гардидааст, соҳибихтиёрии Тоҷикистонро дар қатори аввалинҳо ба расмият шинохтанд ва имрӯзҳо дар қатори шарикони фаъоли байналмилалии давлати мо қарор доранд.

Президент оид ба рушду таҳкими робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкории гуногунҷанбаи судманди Тоҷикистон бо Ҷопон, Кореяи ҷанубӣ, Миср, Амороти Муттаҳидаи Араб, Уммон, Исроил, Белгия, Австрия, Норвегия, Руминия, Ордени Мухтори Малта ва Канада андешаронӣ карда, изҳори умед намуданд, ки сафирони фавқулодда ва мухтори навтаъйиншуда бо иҷрои рисолати сермасъул саъю талошҳои пайгиронаи худро баҳри татбиқи ҳадафҳои неки рушду таҳкими робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкории судманди давлатҳои худ бо Тоҷикистон ва барои ба сатҳи сифатан нав баровардани онҳо равона месозанд.

Ҳамчунин, Сарвари давлат оид ба вазъи мураккаби имрӯзаи ҷомеаи ҷаҳонӣ андешаронӣ карда, таъкид доштанд, ки дар чунин шароити ҳассос ҳамраъйиву ҳамкории самараноки байналмилалӣ ва таҳкими усули ҳусни тафоҳум дар муносибатҳои байни давлатҳо ҳамчун омили калидии устуворнокии ҷомеаи ҷаҳонӣ пешорӯи хатарҳо ва таҳдидҳои амниятии глобалӣ аҳамияти дучанд пайдо мекунад.

“Ба ин манзур имрӯз дар назди мо вазифаҳои умдаи вобаста ба тавсеа ва густариши минбаъдаи робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои созандаи кишварҳоямон истодаанд”, — гуфтанд Президент ва таъкид намуданд, ки “давлати Тоҷикистон пешбурди минбаъдаи шарикӣ бо кишварҳои сафирони навтаъиншуда ҷузъи таркибии сиёсати хориҷии худ медонад ва дурнамои онро нек арзёбӣ менамояд”.

Дар фарҷом Сарвари давлат бори дигар ба ҳамаи сафирон ба муносибати оғози фаъолияташон барору комёбӣ орзу намуда, омодагии Ҳукумати Тоҷикистонро баҳри мусоидат дар самти пешбурди фаъолияти дипломатияшон махсус таъкид карданд.