Паёми табрикии Президенти Тоҷикистон ба Садир Жапаров

Shared to Facebook Shared to Max

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Президенти Қирғизистон Садир Жапаровро дар робита ба интихоб шудани Қирғизистон ҳамчун узви ғайридоимии Шурои амнияти Созмони Милали Муттаҳид барои солҳои 2027–2028 шодбош гуфтаанд.

Дар барқияи Президенти Тоҷикистон, ки имрӯз ирсол шудааст, омадааст:

“Ин рӯйдоди муҳимро ҳам барои Қирғизистон ва ҳам барои тамоми минтақа ҳамчун боз як далели нуфузи баланди кишвар ва эътирофи сиёсати созандаю дурбинонаи хориҷии Шумо дар арсаи байналмилалӣ арзёбӣ менамоям.

Бовар дорам, ки фаъолияти созандаи Ҷумҳурии Қирғизистон дар ин ниҳоди калидии Созмони Милали Муттаҳид ба талошҳои муштараки мо ҷиҳати таҳкими суботу амнияти минтақавӣ ва ҷаҳонӣ такони иловагӣ хоҳад бахшид.

Ба Шумо, муҳтарам Садир Нургожоевич, саломатии бардавом ва комёбиҳои нав дар фаъолияти давлатӣ, инчунин ба мардуми бародари Қирғизистон сулҳ, пешрафти босуръат ва иҷрои муваффақонаи рисолати муҳиму масъулиятнок – узвияти Шурои амнияти Созмони Милали Муттаҳидро хоҳонам”.

Ёдрас мекунем, дар интихоботи аъзои ғайридоимии Шӯрои Амният барои солҳои 2027-2028, ки субҳи чоршанбе, 3 июн, дар Маҷмаи умумии СММ баргузор шуд, Қирғизистон аввалин бор дар таърихи худ ба ҳайси узви ғайридоимии Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид (СММ) интихоб гардид.