Ҷаласаи муштараки вазирон ва котибони амниятии СААД дар Душанбе

Shared to Facebook

15 сентябр дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ҷаласаи муштараки Шӯрои вазирони корҳои хориҷӣ, Шӯрои вазирони мудофиа ва Кумитаи котибони шӯроҳои амниятии кишварҳои узви Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ баргузор мешавад:

“Зимни ҷаласаи муштарак роҳбарони ҳайатҳо оид ба вазъи низомӣ-сиёсии минтақаҳои амнияти дастаҷамъии СААД мубодилаи афкор менамоянд ва рафти иҷрои Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои қарорҳои ҷаласаи Шӯрои амнияти дастаҷамъӣ ва татбиқи самтҳои афзалиятноки пешниҳоднамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки 18 феврали соли 2021 аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон тасдиқ шудааст, муҳокима хоҳанд кард”, — хабар дод Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон.

Ҳамчунин, ҷонибҳо гузориши Дабири кулли СААД Станислав Засро дар бораи омодасозии лоиҳаи Барномаи мақсадноки байнидавлатии СААД ҷиҳати таҳкими қитъаҳои сарҳади Тоҷикистону Афғонистон ва Вазири корҳои хориҷии Арманистон А.Мирзоян оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолият дар давраи раёсати Арманистон дар Созмонро мешунаванд.

Дар натиҷаи ҷаласаи муштарак қабули беш аз 20 қарор ба нақша гирифта шудааст.