Нақшаи андоз боз иҷро нашуд: ба буҷаи давлат 600 миллион сомонӣ кам ворид гардид

Shared to Facebook

Кумитаи андози Тоҷикистон дар соли 2020 натавонистааст нақшаи пешбинишудаи ҷамъоварии андозро иҷро намояд. Ба ин тартиб, соли сипаригардида ба буҷаи давлат 600 миллион сомонӣ кам ворид шуда, нақшаи андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба андозаи 93,7{cb765e84dfa2e3280381e42f21070e52a7de0f8ed8cd7ca2a727636c96d9af82} таъмин гардидааст.

Дар ин бора зимни нишасти матбуотии рӯзи 18 феврал Раиси Кумитаи андози Тоҷикистон Нусратулло Давлатзод маълумот дод. Ба гуфтаи ӯ, сабаби пурра иҷро нашудани нақшаи ҷамъоварии андоз кам шудани даромади ширкатҳои сайёҳӣ, меҳмонхонаҳо ва ширкатҳои ҳавопаймоӣ бо далели хуруҷи пандемияи коронавирус ва баста шудани марзҳо будааст. Ҳамчунин, коҳиши гардиши савдои чакана ва паст шудани қобилияти харидории шаҳрвандон ба таъмини нашудани нақшаи андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ боис шудаанд.

“Бо дарназардошти вазъияти бамиёномада дар ин давра аз ҳисоби корхонаҳои калонтарини соҳаи саноати истихроҷ ва ширкатҳои мобилӣ, бинобар нокифоя афзоиш ёфтани манбаъҳои андозбандӣ ва таъмин накардани иҷрои уҳдадориҳо дар назди буҷети давлатӣ, нисбат ба нишондиҳандаҳои пешбинишуда ба буҷет 600 млн. сомонӣ маблағи андозҳо кам ворид шуд”, — гуфта шуд дар нишаст.

Гуфта шуд, соли 2020 тибқи нақшаи тасдиқшуда ва дархостҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва бо риояи муқаррарот оид ба мораторий нисбат ба санҷиши субъектҳои истеҳсолӣ, дар фаъолияти зиёда аз 1400 нафар шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ санҷиши риояи қонунгузории андоз гузаронида шуда, ба маблағи 517 млн. сомонӣ кам ҳисоб кардан ва пинҳонкунии андозҳо ошкор гардид. Аз ин ҳисоб ва аз ҳисоби маблағҳои солҳои қаблӣ ошкоршуда дар маҷмуъ ба буҷа 470 млн. сомонӣ ворид карда шудааст.

Дар айни замон, бино ба маълумоти Давлатзода, қарз аз андоз дар соли 2020 бо дарназардошти қарзи солҳои пешин афзудааст. Танҳо соли гузашта бинобар пандемияи коронавирус 303,6 миллион сомонӣ қарзҳои андозӣ бештар гардида, асосан, аз ҳисоби ҶСК “Тоҷиктелеком” — 76 млн сомонӣ, ҶСК “НБО Роғун” — 67,2 млн сомонӣ, КВД “Ширкати Алюминийи Тоҷик” — 38 млн сомонӣ, ҶСК “НБО Сангтуда 1” — 36 млн сомонӣ, Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе — 35 миллион сомонӣ, Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд — 31 млн сомонӣ, “Талко Ресурс” — 17 млн сомонӣ, “Алюминсохтмон” — 16 миллион сомонӣ ва ғайра ба вуҷуд омадааст. Бақияи қарзи андоз ба ҳолати 1 январи соли равон 884 млн сомониро ташкил додааст.

Масъулони Кумитаи андоз дар нишасти матбуотӣ ҳамчунин тағйироти баҳсбарангез ба қонунгузории ҷумҳуриро оид ба андозбандии блогерҳо шарҳ доданд. Гуфта шуд, аз блогерҳо хоста шуд, ки то 1 апрел ба Кумитаи андози кишвар дар бораи фаъолияташон эъломия пешниҳод кунанд.

Ба гуфтаи сардори Сарраёсати маъмурикунонии андозҳои Кумитаи андоз Шамсулло Кабирзода, кормандони ниҳод аллакай фаъолияти блогерҳоро дар Тоҷикистон омӯхтаву ба хулоса омаданд, ки ин онҳоро метавон ба рӯйхати андозсупорандагон шомил кард:

“Тибқи талаботи Кодекси андоз, дақиқтараш моддаи 98, ҳамагуна фаъолиятҳо, ҳама гуна даромадҳо ва манфиатҳое, ки шахсони воқеӣ мегиранд, новобаста аз намуди фаъолият, маҳалли фаъолият, таҳти андозбандӣ қарор дода мешавад”, — гуфт ӯ ва афзуд, тибқи таҳлилҳое, ки Кумитаи андоз анҷом додааст, “шахсони алоҳида каналҳои худро мекушоянд, тавассути паҳн кардани ғоя, андеша ва ғайра даромад ба даст меоранд. Бинобар ин, таҳти андозбандӣ қарор додани блогерҳо, ягон ҷои нофаҳмӣ надоранд”.

Ҳамин тавр, тибқи таҳлилҳои кормандони Кумита фаъолияти 29 шабака ошкор шудааст, ки шумораи тамошобинони он аз 3 то 19 миллионро ташкил медиҳад. Кумита ба соҳибони ин шабакаҳо огоҳинома додааст, ки то 1 апрел эъломияи худро ба мақомоти андоз пешниҳод кунанд.